Ҳукумати Тоҷикистон бо дастгирии СММ сомонаи наве (www.khit.tj)-ро ба кор даровард, ки дастрасии аҳолӣ ба маълумот дар бораи масоили риояи ҳуқуқи инсонро таъмин мекунад.
Бино ба маълумоти маркази иттилооти СММ, дар ин сомона дар бораи вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва иҷрои уҳдадориҳои байнулмилалии кишвар дар ин соҳа маълумот дарёфт кардан имконпазир аст.
Торномаи нав дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дастрас буда, бо дастгирии дафтари кории минтақавии Раёсати СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ таҳия ва аввали моҳи феврали соли ҷорӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Сомона ба дастрасии ҷомеа ба гузоришҳо дар соҳаи риояи ҳуқуқи инсон, ки аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ ба кумитаҳои СММ пешниҳод шудаанд ва ба маълумот роҷеъ ба иштироки Тоҷикистон дар дигар механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи СММ имкон медиҳад.
Дар сомона ҳамчунин метавон нисбат ба иҷрои ӯҳдадориҳои ҳукумати кишвар дар бахши риояи ҳуқуқи инсон шарҳу тавзеҳоти худро иброз намуд.
Намояндаи минтақавии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ Элизабет да Коста дар ин робита таъкид доштааст, ки сомона ба беҳбуди сатҳи шаффофият ва ҳисоботдиҳии ҳукуматдорони кишвар ва ҳамчунин саҳм гузоштан ба густариши фазои демократӣ мусоидат мекунад.
«Таҳияи ин сомона иқдоми муҳим аз лиҳози аз ҷониби ҳукумат иҷро гардидани уҳдадориҳои давлат дар мавриди таблиғу паҳн кардани тавсияҳои механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи СММ ва бунёди замина барои муколама бо ҷомеаи шаҳрвандӣ аст», - гуфтааст ӯ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста