Вазъияти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз ҷониби Гурӯҳи кории Шарҳи универсалии даврии Шурои СММ оид ба ҳуқуқи инсон бори дуюм дар санаи 6 майи соли 2016 зимни ҷаласа дар Женева, ки ба тариқи интернет мустақим пахш мегардад ( webcast live ), баррасӣ мешавад.
Тоҷикистон яке аз 14 кишварест, ки бояд аз ҷониби Гурӯҳи кории Шарҳи универсалии даврӣ дар иҷлосияи ояндаи он аз 2 то 13 май бознигарӣ шавад. Бознигарии аввали Тоҷикистон 3 октябри соли 2011 баргузор шуда буд.
Бознигарӣ ба санадҳои зерин асос меёбад: 1) гузориши миллӣ –маълумоте, ки аз ҷониби кишвари таҳти баррасӣ омода шудааст 2) маълумоте, ки дар гузоришҳои коршиносон ва гурӯҳҳои мустақили ҳуқуқи башар – Расмиёти махсус, ниҳодҳои созишномавии ҳуқуқи башар ва дигар ниҳодҳои СММ мавҷуданд; 3) маълумоте, ки аз ҷониби тарафҳои манфиатдори дигар, ба шумули муассисаҳои миллии ҳуқуқи башар, созмонҳои минтақавӣ ва гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ омода шудааст.
Санадҳои дар боло зикршуда, аз ҷумла ин масъалаҳоро дарбар мегиранд: қадамҳои барои бекор кардани ҳукми қатл гузошташуда; қонунгузории зидди табъиз; табъиз бар зидди занон, шахсони маъюб ва шахсони лесбиан, гей, дуҷинса (биссексуал) ва транссекусуал (тағйири ҷинс); шиканҷа ва бадрафторӣ дар боздоштгоҳҳо ва бар зидди сарбозони тозадаъватшуда дар қувваҳои мусаллаҳ; ислоҳот дар низоми адлияи ноболиғон; хушунат бар зидди занон; меҳнати кӯдакон, ҷазои ҷисмонии кӯдакон, мустақил будани низоми судӣ, таҳдидҳо ва тарсдиҳиҳо бар зидди адвокатҳо ва ҳуқуқдонҳо; маҳдудиятҳо барои озодии динӣ, вазъияти озодии баён, бастани вебсайтҳо, маҳдудиятҳо дар ҷамъшавӣ ва анҷуманҳои сулҳомез; иқдомҳои қасдгирона бар зидди мудофеони ҳуқуқи башар; иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ; кӯшишҳо барои мубориза бар зидди тиҷорати одамон, таҳсилот ба забонҳои ақаллиятҳо, ислоҳот дар бахши тандурустӣ ва дастрасӣ ба оби ошомидании тоза ва санитария.
Се гузоришеро, ки рӯзи 6 май ба сифати асос барои гузориш дар бораи Тоҷикистон хидмат мекунанд, дар ин вебсайт пайдо кардан мумкин аст: http://www.ohchr.org/EN/HRBodies/UPR/Pages/TJSession25.aspx
Шарҳи универсалии даврӣ як раванди махсус аст, ки бознигарии давравии вазъи ҳуқуқи башар барои ҳамаи 193 кишвари узви СММ-ро дарбар мегирад. Аз замони ҷаласаи якуми он, ки моҳи апрели соли 2008 баргузор шуд, ҳамаи 193 кишвари узв дар давраи якум ва 168 кишвар дар давраи дуюм бознигарӣ шудаанд. Мақсади бознигарии дувуми кишварҳо муайян кардани пешрафтҳо дар соҳаи ҳуқуқи башар дар кишварҳо мебошад, зеро аз замони бознигарии аввал барои кишвар чунин фурсате фароҳам мешавад, ки тадбирҳои худро барои амалисозии тавсияҳо дар вақти бознигарии якум дида барояд.
Ҳайати Тоҷикистонро ҷаноби Рустам Шоҳмурод - вазири адлияи ҶТ роҳбарӣ мекунад.
Намояндагони се кишвар (тройка) - Арабистони Саудӣ, Алҷазоир ва Олмон ҳамчун гузоришгар барои бознигарии Тоҷикистон иштирок мекунанд.
Пахши мустақими ҷаласа аз тариқи интернет дар нишонии зерин дастрас мегардад: http://webtv.un.org
Рӯйхати баромадкунандагон ва ҳамаи изҳороти мавҷуда, ки ҳангоми бознигарии Тоҷикистон истифода мешаванд, дар шабакаи берунии (экстранети) Шарҳи универсалии даврӣ дар пайвандгоҳи зерин гузошта хоҳанд шуд [номи корбар: hrc extranet (бо фосила); пассворд: 1session]: https://extranet.ohchr.org/sites/upr/Sessions/25session/Tajikistan/Pages/default.aspx
Гурӯҳи кории Шарҳи универсалии даврӣ мутобиқи нақша тавсияҳо барои Тоҷикистонро дар соати 13.30 рӯзи 11 май тасдиқ мекунад. Кишвари дар бознигарӣ қарордошта метавонад мавқеи худро дар бораи тавсияҳои дар вақти бознигарӣ пешниҳодшуда баён кунад. Тавсияҳо дар ВАО ҳамон рӯз пешакӣ нашр хоҳанд шуд.




“Амнияти хонандагони тоҷик бояд ҳифз шавад”. Мактуби вазири маорифи Тоҷикистон ба ҳамтои русаш дар робита ба қатли Қобилҷон
Эмомалӣ Раҳмон бо императори Ҷопон дидор кард
Иқтисоди кадом кишварҳо бештар ба интиқоли пул аз муҳоҷирон вобаста аст?
AD Ports Group ва Авесто Гурӯҳ дар Тоҷикистон корхонаи нави муштараки логистикӣ таъсис медиҳанд
Филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст” ба ду ҷашнвораи байналмилалии синамо роҳ ёфт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 декабри соли 2025
“Монед рӯи бачаамро бинанд”. Гузориш аз маросими ҷанозаи Қобилҷон Алиев, навраси дар Русия кушташудаи тоҷик
Муттаҳам ба куштори Қобилҷон Алиев 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд
Ҷангалҳо нобуд ва хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон бештар мешавад
“Дар зиндон ҷарроҳӣ шуд”. Рӯзноманигор Аҳмадшоҳ Комилзода аввалин зодрӯзашро дар зиндон мегузаронад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста