Садҳо сокини вилоятҳои Хатлон, Суғд ва Бадахшон огаҳии худро доир ба хатарҳои савдои одамон дар чаҳорчӯбаи як силсилаи намоишномаҳои театрӣ, ки аз ҷониби ҳунарманди шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев ва гуруҳи ӯ таҳия мешавад, боло мебаранд. Нахустин намоиш аз ин силсила имрӯз, 20-уми май, дар шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор мегардад.
Ин силсилаи намоишномаҳои театрӣ дар чаҳорчӯбаи Лоиҳаи USAID оид ба шаъну эътибор ва ҳуқуқҳо баргузор мегарданд. Лоиҳаи мазкурро Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) амалӣ менамояд ва иҷрои он бо мусоидати мардуми Амрико тавассути Оҷонсии ИМА доир ба рушди байнулмилалӣ (USAID) имконпазир гардидааст.
Силсилаи иборат аз се намоишномаи театрӣ доир ба ҳуқуқи инсон ва мубориза бар зидди савдои одамон бинандагонро бо мушкили савдои одамон шинос карда, доир ба роҳҳои эмин нигаҳ доштани худ ва оилаву дӯстон аз занҷираҳои макри ҷинояткорон маълумот медиҳад.
Намоишномаҳо мушкилоти мубрами навъҳои ҳозираи савдои одамон ва мубориза бо онро тасвир мекунанд. Ҳарчанд, қиссаҳо комилан маҳсули хаёли ҳунармандон буда, ҳама гуна монандии эҳтимолӣ бо саргузаштҳои воқеъӣ комилан тасодуф аст, онҳо нишон медиҳанд, ки бо даҳҳо қурбонии савдои одамон чӣ рух дода ва бо ҳар нафар чӣ ҳодиса метавонад рух бидиҳад, агар эҳтиёт накунад. Намоишномаҳо, бавижа ҷавонону бонувонро ҳадаф қарор додааст, чун онҳо махсусан ба гирифторӣ ба савдои одамон ва истисмор осебпазиранд, зеро доир ба шароити кору зиндагӣ ва қонунҳо дар кишвари бегона маълумоти кофӣ надоранд, ҳуқуқи худро ба қадри кофӣ намедонанд ва худро қонунан ҳимоя карда наметавонанд.
Намоишномаҳои театрии қаблӣ, ки СБМ Тоҷикистон созмон дода буд, ба истиқболи гарми ҳукуматҳои маҳаллӣ ва мардуми одӣ рӯбарӯ гардида, таваҷҷуҳи зиёд ва хоҳишҳои мукаррари идомаи спектаклҳоро ҷалб карда буд.
Даромад ба намоишномаҳо озод мебошад ва мо ҳамаи хоҳишмандонро ба дидани маҳорати олии ҳунармандон даъват мекунем. Рӯзи 20-уми май, соати 14:00, шаҳри Қурғонтеппа, театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов.
Ҳадафи умумии лоиҳа баланд бардоштани огаҳии мардум, махсусан, муҳоҷирони корӣ, доир ба ҳуқуқашон, ва тавонмандсозии ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ҳимояи ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи муҳоҷирон, муҳоҷирони эҳтимолӣ ва аҳли оилаи онҳо, ва дар маҷмӯъ, ҳуқуқи аҳолӣ мебошад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста