Дар давраи омӯзишӣ дар мавзӯъи мубориза бо савдои одамон, ки имрӯз, 1-уми июн дар шаҳри Душанбе оғоз меёбад, кормандони сафоратҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон дар кишварҳои беруна иштирок мекунанд.
Тавре аз намояндагии Созмони Байналмиллаии муҳоҷират дар ҶТ иттилоъ доданд, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷӣ ва сафорату консулгариҳои Тоҷикистон, ки дар ин давраи омӯзишӣ иштирок доранд, бо нақши Механизми миллии бозравонӣ дар самти муайянсозӣ ва бозравонии қурбониёни савдои одамон ба ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ шинос мешаванд.
Давраи омӯзишии мазкур аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯъбаи назорат ва мубориза бо савдои одамони Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида (J/TIP) ташкил шудааст.
Савдои одамон як навъи ғуломдории замони имрӯз буда, инсонро бо ҳадафи истисмори корӣ ё шаҳвонӣ ва ё манфиати молӣ мавриди тиҷорат қарор медиҳад. Азбаски тиҷорати инсон ҷинояти фаромарзӣ мебошад ва бисёре аз қурбониён дар кишварҳои дигар қарор дошта, ниёзманди дасти ёриянд, сафоратҳо, консулгариҳо ва хадамоти муҳочират ба ҳайси нуқтаи нахустини тамос миёни ватан ва қурбониён дар раҳоии онҳо ва наҷоти ҳаёту сарнавишти онҳо нақши калидиро мебозанд. Таълими малакаҳои зарурӣ ба шахсони вазифадори ин сохторҳо дар муборизаи муассир бо савдои одамон дар Тоҷикистон саҳм мегузорад.
Иштирокдорони давраи омӯзишӣ вазъи савдои одамонро дар Тоҷикистон, аз ҷумла қонунгузории навини миллӣ ва санадҳои байналмилалиро баррасӣ карда, бо таҷрибаи ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо савдои одамон шинос мешаванд. Коршиносони маҳаллӣ нақши ҳайати дипломатиро дар мубориза бо савдои одамон шарҳ дода, иштирокдоронро бо равандҳои нав дар самти ҳимоя, муайян ва бозгардонидани қурбониёни савдои одамон ошно месозанд. Ба Механизми бозравонии қурбониёни савдои одамон ва аслҳои равонӣ ва ахлоқии ҳамкорӣ бо қурбониёни савдои одамон дар давраи мазкур аҳаммияти вижа дода мешавад.
Илова бар ин, иштирокдорон аз таҷрибаи наву пешрафтаи ҳамкорӣ миёни идораҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии маҳаллӣ ва ҳамчунин, нақши СБМ ва ниҳодҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар талошҳои муштарак ҷиҳати ҳимоя ва ёрӣ ба қурбониён, аз ҷумла ироаи паноҳгоҳҳо ва таҳияи бунгоҳҳои эътимод ба воситаи телефонҳои боварӣ огоҳ мешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста