Бунёди австралиягии ҳомии ҳуқуқи Walk Free Foundation (WFF) феҳристи ҷаҳонии кишварҳо аз рӯи шумори одамонеро, ки дар шароити ғуломӣ зиндагӣ мекунанд, таҳия намуд.
Дар таҳқиқоти Global Slavery Index 2016 (Индекси глобалии ғуломӣ- 2016) миёни 167 кишвари ба рӯйхат шомилгардида Тоҷикистон зинаи 19-умро ишғол мекунад.
Қайд мешавад, ки дар Тоҷикистон бо шумори аҳолии беш аз 8 млн. 482 ҳазор нафар 54,1 ҳазор нафар (0,638% аз шумори умумии аҳолӣ) дар ғуломӣ қарор доранд.
Бино ба маълумоти гузориши WFF, дар ҷаҳон айни замон зиёда аз 45 млн. нафар дар ғуломӣ қарор дошта, қисмати зиёди онҳо дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором зиндагӣ мекунанд. Аз соли 2014 шумори умумии ғуломон дар саросари дунё 28% афзудааст.
Шумори аз ҳама бештари ғуломон дар Ҷумҳурии халқии демократии Корея (зинаи 1-ум дар феҳрист) ба қайд гирифта шудааст, ки 4,37% аз шумори умумии аҳолии ин кишварро ташкил медиҳад. Дар гузориш Русия дар мақоми 16-ум қарор дошта, дар он беш аз 1 млн. нафар ғуломон (0.732%) ба сар мебаранд.
Тибқи маълумоти WFF, байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ шумори аз ҳама бештари ғуломон дар Ӯзбекистон - 1 млн. 236 ҳазор нафар ба қайд гирифта шудаааст, ки ҳудуди 4% аз шумори умумии аҳолиро ташкил медиҳад ва аз рӯи ин нишондиҳанда Ӯзбекистон дар феҳрист мақоми дуюмро касб кардааст.
Гуфта мешавад, дар Қазоқистон 81,6 ҳазор нафар (0.467%), Қирғизиситон - 27,7 ҳазор нафар (0.467%) ва Туркманистон - 15,8 ҳазор нафар (0.295%) дар шароити ғуломӣ зиндагӣ доштаанд.
Зимни арзёбии шароити муосири ғуломӣ дар таҳқиқоти Walk Free Foundation шаклҳои гуногуни истисмори одам ба инобат гирифта шудааст, ки дар ин ҳолатҳо ӯ маҷбур аст бар асари таҳдиду фишор, кирдори бераҳмона ё амалҳои фиребгарона ин ё он кору фаъолиятеро анҷом диҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста