Тақрибан соатҳои 9-и шоми рӯзи 24 август дар нуқтаи фурӯши гази «Роҳат» дар наздикии Тошканд таркиши мудҳише рух дода, дар пайи он сӯхтори бузурге сар зад, ки нуқтаи фурӯши газро нобуд сохт. Дар ин бора хадамоти ӯзбекии Ca-News иттилоъ медиҳад.
Бино ба маълумоти ВАО-и Ӯзбекистон, алангаҳои сӯхтор аз аксари ноҳияҳои пойтахти Ӯзбекистон ҳам ба назар намоён будааст. Ин нуқтаи фурӯши газ дар роҳи мошингарди Тошканд - Алмалиқ, 5 километрии пойтахти Ӯзбекистон воқеъ буда, шоҳидони ҳодиса изҳор кардаанд, ки сӯхтор муддати 2 соат давом доштааст.
Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳанд, ки бар асари сӯхтор талафоти ҷонӣ низ мавҷуд буда, аксари осебдидагон ба бемористони 16-уми шаҳр мунтақил шудаанд. Корбари шабакаи иҷтимоӣ Шарип Сапаев шоми рӯзи 24 август дар видеохостинги Youtube навори видеоӣ бо сабти сӯхтор дар нуқтаи фурӯши гази «Роҳат»-ро гузоштааст.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории 12news.uz бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабар медиҳад, ки «бар асари таркиш дар лӯлаи газ дар ҷойи беодам, сӯхтор ба амал омада, аз ин ҳодиса ҳеҷ касе осеб надидааст». Хабаргузорӣ ҳамчунин таркиш дар нуқтаи фурӯши газ ва ҳалокшудагон бар асари онро рад мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста