Дар ҷаласаи муштараки кормандони Хадамоти амнияти миллӣ ва Додситонии кулли Ӯзбекистон бо ҳузури президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар бораи аз мансаб барканор шудани Рустам Иноятов, раиси Хадамоти амнияти миллӣ (ХАМ)-и Ӯзбекистон хабар дода шуд.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар мақоми Рустам Иноятови 73-сола, ки қариб 23 соли охир Хадамоти амнияти миллиро роҳбарӣ мекард, додситони кулли ин кишвар Ихтиёр Абдуллоев таъйин шудааст.
Гуфта мешавад, Абдуллоеви 52-сола 21 апрели соли 2015 додситони кул таъйин шуда буд. Отабек Муродов, мушовири пешини президент додситони кул таъйин гардид.
Зимнан бо истинод ба сарчашмаҳои мустақил зикр мегардад, ки Рустам Иноятов 25 январ аризаи истеъфояшро навиштааст.
Қобили зикр аст, ки Шавкат Мирзиёев санаи 22 декабр дар як ҷаласа аз фаъолияти мақомоти қудратии кишвараш, аз ҷумла Хадамоти амнияти миллӣ интиқод карда буд.
Дар он ҷаласа Мирзиёев пешинҳод кард, ки қонун "Дар бораи Хадамоти амнияти миллӣ" таҳия ва қабул шавад. Ин қонун бояд вазифаҳо ва уҳдадориҳои Хадамотро танзим кунад.
Дар ҳамин ҳол, сомонаи расонаи мустақили «Ахбор» дар ин робита менависад, бо ин амал президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев охирин рақиби пурнуфузаш дар арши сиёсии ин кишварро барканор кард, зеро генерали 74-сола Рустам Иноятов аз соли 1995 роҳбарии Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистонро дар даст дошт ва яке аз пурнуфузтарин шахсиятҳо дар ин кишвар маҳсуб мешуд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста