Яке аз муҳоҷирони дар сарҳади Қазоқистону Ӯзбекистон аз дирӯз дармонда ба хабарнигори “Азия-Плюс” шоми 16-уми март гуфт, ки марзбонони Ӯзбекистон ба онҳо иҷоза доданд, тавассути қаламрави ин кишвар то сарҳади Тоҷикистон раҳсипор шаванд.
“Наздики бегоҳ бароямон иҷозаи гузаштанро доданд. Ҳоло мошинҳо бо навбат аз сарҳад мегузаранд. Аллакай нисфашон равон шуданд. Умед дорем, ба ҳама иҷозат мешавад ва мо роҳамонро ба сӯйи Ватан давом медиҳем”, - гуфт ин муҳоҷири тоҷик.
Ин маълумотро ба “Азия-Плюс” модари як донишҷӯдухтари тоҷик, ки дар он минтақаи марзӣ буд, тасдиқ кард. Ин модар мегӯяд: “Як соат пеш духтарам бо 2 донишҷӯйи ҳамроҳаш хабар доданд, ки ба гузаштани онҳо иҷозат шудааст”.
Вай афзуд: “Онҳо аз Бишкек савори автобус то сарҳади Қазоқистону Ӯзбекистон омадаанд. Автобус онҳоро дар он ҷо партофта, рафтааст. Акнун онҳо маҷбуранд, ки бо таксиҳои ӯзбекистонӣ то сарҳади Тоҷикистон ва аз он ҷо ба хона биёянд”.
Муроҷиати вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандон
Вазорати корҳои хориҷии ҶТ имрӯз дар робита ба ҷорӣ шудани маҳдудияти вуруд ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон як муроҷиат ба шаҳрвандони Тоҷикистон нашр кардааст:
Аз 16 марти соли 2020 бинобар эълон гардидани вазъияти фавқулода дар Қазоқистон ва ҷорӣ шудани чораҳои маҳдудкунанда дар Ӯзбекистон бар асари ҳамагирии коронавируси нав (COVID-19), маҳдудияти ворид шудан ба хоки он ду кишвар ҷорӣ гардид.
Дар робита ба ин, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки шаҳрвандони кишвар аз сафар ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон, аз ҷумла, сафарҳои транзитӣ дар ҳоли ҳозир худдорӣ намоянд.
Хотиррасон мекунем, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон қарор доранд, дар ҳолати зарурат метавонанд ба намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии мо муроҷиат кунанд:
Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон
Суроға: ш. Нур-Султон, мкр-н Чубари, кӯчаи Карасакал Еримбет, 15.
Тел: +7 7172 241315, +7 7172 240929
E-mail: [email protected]
Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Алмаато
Суроға: ш. Алмато, к. Санаторная, 16.
Тел: 8107 (3272) 69 70 59, +77 77 588 3115
E-mail: [email protected]
Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон
Cуроға: 700090, ш.Тошканд, к. А. Қаҳҳор, 61.
Тел: 810 (998712) 54 99 66, 810 (998712) 54 84 13
E-mail: [email protected]





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста