Раёсати амнияти вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон аз боздошт ва мусодираи миқдори зиёди маводи мухаддире хабар додааст, ки ба гуфтаи ин ниҳод аз Тоҷикистон ба ин кишвар қочоқ шудаанд. Дар пайи ин дар ин кишвар нафарони зиёде боздошт шудаанд, ки дар миёнашон як шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст.
Бино ба навиштаи Оҷонсии миллии хабарҳои Ӯзбекистон Хадамоти амнияти давлатӣ дар вилояти Сирдарё дар як амалиёт чанд далели қочоқи маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба ин кишварро ошкор кардаанд.
Дар хабар гуфта мешавад, ки кормандони умури дохилӣ мошинеро дар роҳ аз ноҳияи Бекобод ба ноҳияи Букаи вилояти Тошканд боздошт кардаанд, ки аз дохили мошин 1 кг 879 гр доруи синтетикии "амфетамин", 1 кг 822 гр "афюн" ва 3 кг 972 гр“ҳашиш” дарёфту мусодира шудааст. Гуфта мешавад, ки ин маводи мухаддир марбут ба мусофири мошин, шаҳрванди Тоҷикистон Муллоҷон Ҳомидчонов, сокини ноҳияи Мастоҳи вилояти Суғд будааст.
Инчунин Хадамоти амнияти давлатӣ ва Раёсати корҳои дохилии Ӯзбекистон зимни як амалиёти дигар як сокини қаблан маҳкумшудаи вилояти Намангон Нодирбек Нишоновро боздошт кардаанд, ки ҳангоми фурӯши 1 кг “ҳашиш” ба маблағи 14 ҳазор доллари амрикоӣ ба даст афтодааст.
Ин миқдор маводи мухаддирро як шаҳрванди доғи суди доштаи Қирғизистон Яъқуб Юсуфҷонов бо роҳи гардиш аз қаламрави Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ворид карда, дар хонаи сокини дигари вилояти Намангон Дилшод Бойхонов пинҳон кардааст. Ҳангоми кофтуков аз хонаи ин шаҳрванди Ӯзбекистон 802 гр “афюн” ва 2 кг 917 гр “ҳашиш” дарёфту мусодира шудааст.
Кумитаи амнияи давлатии Ӯзбекистон дар як хабарнома нархии умумии маводи мухаддири мусодирашударо 100 ҳазор доллари ИМА гуфтааст.
Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар ин бора иттилои расмие надодаанд. Як манбаъ аз Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар мавриди ин қазия ба "Азия-Плюс" изҳори бехабарӣ кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Додгоҳи олӣ баррасии шикояти кассатсионӣ дар парвандаи “табаддулот”-ро оғоз кард
Киҳо раиси кумитаву комиссияҳои порлумони Тоҷикистон интихоб шуданд?
Ду медали гӯштингирони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё
Имзои Шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 апрели соли 2025
Синфи миёна - муҳаррики иқтисод ва омили субот. Тоҷикистон то соли 2030 барои рушди он чӣ нақша дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2025
Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2025
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста