Сокинони як деҳаи Қирғизистон, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад аст, корвони мошинҳои боркаши сӯзишвориро дар видео наворбардорӣ намуда, тахмин кардаанд, ки ин қочоқи маводи сӯзишворӣ аст. Хадамоти марзбонии Қирғизистон ин навори видеоро шарҳ додааст.
“Хабар ва навори видеои рӯзи 14 декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда дар бораи он, ки гӯё мошинҳои боркаш аз Қирғизистон ба Тоҷикистонро тариқи қочоқ маводи сӯхт интиқол медиҳанд, асоси воқеӣ надоранд”, - хабар додааст Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.
Бино ба маълумоти Хадамоти марзбонӣ, мошинҳои боркаши маводи сӯхт ба анбори нафти Қирғизистон тавассути роҳи кӯтоҳтар омадаанд.
“13 декабр 7 мошии боркаши маводи сӯхти ҶСК «Кыргызнефтегаз» ба деҳаи Аркаи ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд омаданд. Бо мақсади кам шудани вақти интиқоли мавод аз деҳаи Арка ба филиали ҶСК "Кыргызнефтегаз" дар Қучқор-Ота, онҳо бо роҳи Ботканд-деҳаи Самарқандек-маҳаллаи аҳолинишини Маргун ба анбори нафт раҳсипор шуданд”, - изҳор мекунад Хадамоти сарҳадбонии КДАМ Қирғизистон.
Ёдрас мекунем, ки пас аз муноқишаи мусаллаҳона дар минтақаҳои наздисарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон, кишвари ҳамсоя якҷониба сарҳадҳояшро баст.
Соли равон нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба таври назаррас боло рафт. Ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ ба ҷумҳурӣ изҳор намуданд, ки ба болоравии нарх баста шудани сарҳад бо Қирғизистон боис гардид, ки аз он ҷо ҳаҷми зиёди маводи сӯзишворӣ тариқи қочоқ интиқол дода мешуд.
Ширкатҳои таҳвилгаре, ки маводи сӯзишвориро қонунӣ аз Русия ва Қазоқистон ба Тоҷикистон ворид мекунанд, ҳанӯз моҳи март шикоят мекарданд, ки қариб сеяки бозори фурӯши маводи сӯзишвории Тоҷикистон тариқи қочоқи ин маҳсулот таъмин мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.