Ҳадди камбизоатӣ дар Ӯзбекистон аз моҳи январ ба сари ҳар нафар 498 ҳазор сӯм (46 доллар) дар як моҳ ё 16,6 ҳазор сӯм (1,53 доллар) дар як рӯз муқаррар шуд. Дар ин бора Кумитаи давлатии Ӯзбекистон маълумот додааст, ки хабаргузории Фергана ба он истинод меоварад.
Соли гузашта ин нишондиҳанда ба 440 ҳазор сӯм дар як моҳ ё худ 14,6 ҳазор сӯм дар як рӯз баробар буд.
Мизони камбизоатӣ бар асоси як назарсанҷии 10,6 ҳазор хонавода дар тамоми манотиқи Ӯзбекистон ҳисоб шудааст.
Созмони Милали Муттаҳид сатҳи камбизоатиро ҳамчун арзиши маҷмӯии ҳама молу хидматгузориҳо муайян мекунад, ки барои қонеъ кардани ниёзҳои асосии хонавода муҳим ҳисобида мешаванд. Мақомоти кишварҳо онро ҳамчун меъёри муайян кардани ҳадди ақали нафақаву кӯмакпулӣ ва дигар навъҳои кумаки молӣ ба оилаҳои камбизоат истифода мебаранд.
Сатҳи камбизоатӣ мафҳуми нисбист, ки ба сатҳи умумии некӯаҳволии як кишвари мушаххас вобаста аст. Аз октябри соли 2015 сатҳи камбизоатии ҷаҳонӣ дар як рӯз 1,9 долларро ташкил медиҳад.
Ҳоло дар Ӯзбекистон ҳаҷми ҳадди ақал (минималӣ)-и нафақа ва кумакпулӣ 440 ҳазор сӯм ва музди меҳнат - 822 ҳазор сӯмро ташкил медиҳад.
Соли 2020 президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев изҳор дошта буд, ки дар кишвар 4-5 млн нафар ё худ 12-15 фоизи аҳолӣ дар зери хатти фақр ба сар мебаранд. Дар ин робита ӯ дастур дод, ки барномаи коҳиши камбизоатӣ таҳия карда шавад, ки дар он бояд боло бурдани маош ва имтиёзҳо бо пешравӣ аз таваррум ва ҳавасмандгардонии соҳибкорӣ пешбинӣ гардад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.