Гуруҳе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шаҳри Алматои Қазоқистон, ки ба ҳайати он соҳибкорон, ҳуқуқшиносон, донишмандон ва омӯзгорон шомиланд, 24 январ аз таъсиси иттиҳодияи ҷамъиятие бо номи "Ҳаракат барои дастгирии Ҷумҳурӣ" хабар доданд. Дар ин бора Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ хабар медиҳад
Дар изҳороти гуруҳи ташаббускор, аз ҷумла гуфта шудааст, "ҳаракат низоми худкомаеро, ки Нурсултон Назарбоев сохтааст, қабул надорад ва барои шикастани ин низом талош хоҳад кард". Матни изҳоротро дар нишасти хабарӣ аз номи ҳаракат раиси шӯрои "Пажӯҳишгоҳи волоияти ҳуқуқ" Азамат Тулеуов қироат кард.
Яке аз аъзои дигари ҳаракат, ҳуқуқшинос ва омӯзгор Нурлан Искалиев гуфтааст, ки бояд механизми роҳ ёфтани як қисми фаъоли ҷомеа дар идораи давлатро таҳия кард. Ба гуфтаи ӯ, низоми давлатдорӣ давоми чандин сол дар ихтиёри як шахс буд ва ҳоло фурсате пеш омадааст.
Ӯ ҳамчунин гуфт, ҳаракат мехоҳад, дар робита ба тағйири Конститутсияи Қазоқистон раъйпурсиеро баргузор кунад. Ба гуфтаи Искалиев, Қонуни асосии ин кишвар на бар асоси волоияти қонун, балки бар асоси волоияти ҳуқуқ бояд таҳия шавад. Вай афзуд, ки "саҳифаи иқтисоди домоду ҷиянҳо бояд баста ва бархурд бо дороиҳои давлатӣ бояд бозбинӣ шавад".
"Масъулияти мо аз он иборат аст, ки қонунҳои интихоботиро дар рӯҳияи қонуни нави амалкунанда ба хотири таъмини интихоботи одилона ва шаффоф бояд куллан дигар кунем", - изҳор дошт Тулеуов.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста