Муовини сарвазири Туркманистон Сардор Бердимуҳамедов номзад ба мансаби президенти Туркманистон пешбарӣ шуд. Қарор дар ин бора дар анҷумани IX ғайринавбатии Ҳизби демократи Туркманистон, ки рӯзи 14 феврал доир гардид, қабул шуд, хабар медиҳад РИА Новости.
“Иштирокдорони анҷмуан суханронии Сардор Бердимуҳамедовро, ки ба мансаби президентӣ номзад пешбарӣ мешавад, дастгирӣ намуданд”, - гуфта мешавад дар хабари нашршуда.
Маъракаи интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар Туркманистон 12 марти соли равон баргузор мешавад.
Пас аз он, ки чанде пеш дар ҷаласаи ғайринавбатии палатаи болоии парлумон - Халқ Маслиҳати (Шӯрои халқӣ) президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов изҳор дошт, ки “акнун ба ҷавонон имкон додан лозим аст, ки идоракунии давлатро ба дасти худ гиранд”, Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар чунин тасмим гирифт. Он замон ӯ ишора намуд, ки ба дӯши ӯ хеле зиёд мансабҳои масъулиятнок вогузор шудааст.
Сардор Бердимуҳамедов ягона писари президенти кунунии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов буда, ӯ боз ду духтар дорад. Сардор Бердимуҳамедов соли 1981 таваллуд шудааст.
Хатмкардаи Донишгоҳи кишоварзии Туркманистон ба номи С.Ниёзов аз рӯи ихтисоси муҳадис-технолог ва Академияи дипломатии ВКХ Русия (мутахассис оид ба муносибатҳои байнулмилалӣ) мебошад.
Ӯ ҳамчунин дар Маркази сиёсат оид ба амнияти Женева таҳсил карда, мутахассиси бахши амнияти аврупоӣ ва байнулмилалӣ аст.
Аз 17 июли соли 2019 писари президент роҳбари вилояти Аҳал дар минтақаи марказии Туркманистон таъин шуд.
Аз 7 феврали соли 2020 ӯ ба ҳайси вазири саноат ва истеҳсолоти сохтмон фаъолият намуд.
11 феврали соли 2021 муовини сарвазир, раиси Палати олии назорат таъин шуда, ба ҳайати Шӯрои давлатии амният шомил гардид.
Дар ин мансаб ӯ ҳамчун ба масоили рақамисозӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар низоми идоракунии давлатӣ, бахши молияву иқтисод ва соҳаи иҷтимоӣ масъул буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Вазорати адлия Шаҳбози Аброрро раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон эътироф кардааст
Аз Алӣ Лориҷонӣ то Саид Ҷалилӣ. Сабти номзадҳо ба мақоми раёсҷумҳури Эрон оғоз гардид
Тоҷикистону Чин маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятнокро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд
“Роҳ ба сӯи Тиён-Шон”: дар Тоҷикистон рушди роҳҳои мошингард баррасӣ шуд
ВКД сабаби ҳодисаи марбут ба зани 23-соларо, ки аз ошёнаи 5-ум дар Кӯлоб афтод, шарҳ дод
Чаро Тоҷикистон дар безараргардонии фурӯзонакҳои каммасраф муваффақ нашуд?
“Воридот ва фурӯши сатру либоси сиёҳ манъ аст”. Ин ба кори фурӯшандагон чӣ гуна таъсир мерасонад?
Бар зидди писари раиси бозори Ёвон парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Ҷузъиёти кордзании хонандагон
Боришот зиёдтар мешавад: обуҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон
“Худам шоҳу табъам вазир?”. Мансабдороне, ки парвои интиқод надоранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста