Миёни вилояти Суғди Тоҷикистон ва Фарғонаи Ӯзбекистон хатсайри нави байналмиллалии автобусҳо ташкил шуд. Ҳакнун автобусҳо дар хатсайри Хуҷанд-Қӯқанд-Хуҷанд мусофиркашонӣ мекунанд ва арзиши чиптаҳо дар ин хатсайр 100 сомонӣ мебошад.
Гуфта мешавад, бо ин хатсайри нави байнулмилалӣ автобус соати 8:00-и субҳ аз Хуҷанд ба Қӯқанд раҳсипор гардида, дар роҳ 3 соат вақт сарф мешавад.
Ҳаракати нахустин хатсайри автобусҳо аз шаҳри Хуҷанд ба самти Қӯқанд тариқи дидбонгоҳи сарҳадии “Андархон” амалӣ шуд, ки вақти сафар дар ин масир тақрибан 12 соатро ташкил додааст. Дар ин хатсайр автобусҳои ширкати “Asian Express” ҳафтае шаш рӯз мусофиркашонӣ мекунад.
Олимҷон Очилзода, мудири Шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи ҳукумати Суғд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки хатсайри нави “Хуҷанд-Қӯқанд-Хуҷанд” аз 20-уми феврал ба кор оғоз кард ва ҳамарӯза автобусҳо аз соати 8-и субҳ аз истгоҳи автобазаи таксиҳои шаҳри Хуҷанд ба роҳ мебарояд. Ӯ дар такя ба маълумоти ширкати мусофиркашон, гуфт ҳоло дар ин хастсайр начандон мусофирон зиёданд.
“Масофаи роҳи хатсайри автобусҳо аз Хуҷанд то Қӯқанд 200 километр аст. Соати 8:00 вақте аз ин ҷо ба роҳ мебарояд тахмин соати 13:30 бояд ба шаҳри Қӯқанд расад. Афтобусҳо аз Хуҷанд тариқи масири Конибодом сарҳади Патар, Бешариқ, Навбаҳор ҳаракат карда баъд ба Қӯқанд мерасанд. Худи ҳамон рӯз автобусҳо аз Қӯқанд ба Хуҷанд бармегарданд ”.-гуфт, Оҷилзода.
Бояд гуфт, ки аз моҳи октябри соли гузашта ҳар рӯз ду хатсайри автобусҳо дар масири Хуҷанд-Тошканд-Хуҷанд мусофиркашонӣ мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, билет ба ин хатсайри автобус 100 ҳазор сӯм (ҳудуди 9 доллар) нарх дорад.
Зикр мегардад, ки вобаста ба талабот ва хоҳиши мусофирон шумори хатсайрҳо зиёд шуда метавонад.
Қаблан байни намояндагони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷаласаи навбатии Комиссияи муштарак оид ба масоили ҳамлу нақли байнулмилалии автомобилӣ баргузор шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Додгоҳи олӣ баррасии шикояти кассатсионӣ дар парвандаи “табаддулот”-ро оғоз кард
Киҳо раиси кумитаву комиссияҳои порлумони Тоҷикистон интихоб шуданд?
Ду медали гӯштингирони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё
Имзои Шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 апрели соли 2025
Синфи миёна - муҳаррики иқтисод ва омили субот. Тоҷикистон то соли 2030 барои рушди он чӣ нақша дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2025
Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2025
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста