Дирӯз, 3 март дар шаҳри Самарқанд рӯнамоии нахустин маҷаллаи адабии тоҷикӣ бо номи "Дурдонаи Шарқ", ки дар он намунаҳои эҷоди шоиру нависандагони тоҷикзабони Ўзбекистон, мақолаҳои илмӣ, намунаҳо аз эҷоди шоирони Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва тарҷумаҳои эҷодкорон аз адабиёти ӯзбеку ҷаҳон гирдоварӣ шудааст, баргузор гардид.
Тавре сомонаи рӯзномаи "Овози Самарқанд" хабар медиҳад, тасмими нашри маҷаллаи адабӣ ҳанӯз моҳи августи соли 2021 дар нахустин ҷаласаи бахши тоҷикии шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон рӯйи даст гирифта шуда буд.
Гуфта мешавад, ки дар маҷалла намунаҳои эҷоди шоиру нависандагони тоҷикзабониӮзбекистон, мақолаҳои илмӣ, намунаҳо аз эҷоди шоирони Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва тарҷимаҳои эҷодкорон аз адабиёти ӯзбеку ҷаҳон гирдоварӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар арафаи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шуъбаи вилоятии Итттифоқи нависандагони Ӯзбекистон бахши тоҷикӣ ташкил шуд
- Минбаъд бахши тоҷикии шӯъбаи вилоятии иттифоқ на танҳо минбари шоиру нависандагони Самарқанд, балки мактаби маҳорати эҷодкорони навқалам ва навқадам хоҳад шуд. Боварӣ дорем, ки эҷодкорони собиқадори мо дар ин бобат фаъолӣ нишон дода, анъанаи “устоду шогирд”-ро давом медиҳанд ва ба ҷавононе, ки акнун вориди шоҳроҳи адабиёт мегарданд, роҳнамоӣ мекунанд ва баҳри такмили маҳорати эҷодии онҳо саҳм мегузоранд, - гуфта буд сарвари бахши тоҷикӣ, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, шоир ва мутарҷим Асадуллоҳ Шукуров.

Ҳамчунин зикр гардида буд, ки дар назди бахш ташкили зершӯъбаҳои наср, назм, нақд, тарҷумонӣ ва сухандонӣ, таъсиси матбааи тобеи бахши тоҷикӣ, ба роҳ мондани чопи маҷаллаи адабии эҷодкорони тоҷикзабони Самарқанд, мунтазам гузаронидани вохӯриҳои адабӣ, мушоираҳо, кашфи истеъдодҳои ҷавон аз байни донишомӯзони мактабҳои ҳамагонӣ ва ғайра мувофиқи мақсад мебошад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста