Тафтиши парвандаҳое, ки баъди низои марзии баҳори соли 2021 дар Қирғизистон боз шуда буданд, ба поён расида, аммо дар ҷалби айбдоршавандаҳо ба ҷавобгарӣ мушкилӣ пеш омадааст.
Дар ин бора додситони кулли Қирғизистон Қурманқул Зулушев рӯзи 6 апрел хабар дод.
"Баъди низои соли гузашта парванда боз шуд, ҳаҷми зарар муайян гардид. Айбдоршавандаҳо - шаҳрвандони кишвари дигар ҳастанд. Тафтиш ба поён расид, аммо парвандаҳо мутаваққиф шудаанд, зеро дар ҷалби айбдоршавандаҳо ба ҷавобгарӣ мушкилӣ пеш омадааст", - гуфт Зулушев.
Вай ҳамчунин гуфт, ки "ҷониби Тоҷикистон зарари расидаро ҷуброн накардааст".
Моҳи декабри соли 2021 додгоҳи вилояти Бодканди Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистон - Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусовро ба 20-солии зиндон маҳкум кард. Ҳар дуи онҳо дар "Ҷинояти зидди сулҳ" ва "Ғоратгарӣ" айбдор шуданд. Ин ду шаҳрванди Тоҷикистон дар доираи парвандаҳое ба ҷавобгарӣ ҷалб шуданд, ки баъди низои баҳори соли 2021 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон кушода шуда буданд.
Дар натиҷаи низоъи рӯзҳои 28-30 апрел, 189 шаҳрванди Қирғизистон зиён дида, 36 кас фавтид. Аз ҷониби Тоҷикистон 19 кас кушта шуда, 87 каси дигар ҷароҳат бардошт.
Ҳар ду ҷониб дар сар задани низоъи марзӣ ҳамдигарро айбдор мекунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Оғози мавсими саёҳати дохилӣ. Рӯзноманигорону блогерон ба кашфи ганҷинаҳои Тоҷикистон рафтанд
Ҳаҷвнигоре, ки ханда дар лаб даргузашт. Ёдномаи Қиёмиддин Чақалов, ки имрӯз 80-сола шуд
Путин оташбаси серӯза эълон кард. Ин дафъа ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Баъди мулоқоти Тошиев бо сафири Русия, муттаҳамони парвандаи "ҷалби зархаридон” аз боздоштгоҳ раҳо шудаанд
Барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ ҳам ҷарима пешбинӣ шуд
“Шоҳ”-е, ки аз гуноҳи ҳама гузашт, даргузашт. Асланшоҳ Раҳматуллоев дар Лучоб ба хок супорида шуд
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар Ёвон 5 кас ҷон бохтанд
Қарздорӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон дар як сол 20% зиёд шудааст
Ҳафт медали ҷудокорони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Тайланд
Музокироти сеюми Эрон ва Амрико. Ҷонибҳо онро “хеле ҷиддитар аз гузашта” тавсиф карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста