Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистонро ба ҳайси шоҳиди ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 дар Додситонии кулли он кишвар бозпурсӣ мекунанд. Дар ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 Тошиев дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон ҳузур дошт ва тирамоҳи он сол вакили порлумон интихоб шуд.
Як сол пеш Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон аз дубора фаъол шудани таҳқиқи парвандаи ҷиноии марбут ба ҳаводиси моҳи июни соли 2010 хабар дода буд. Парванда бо моддаи "Сӯистифода аз мақоми хизматӣ" нисбати масъулони Ҳукумати муваққатӣ боз шудааст. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, масъулони ҳукумати муваққат иҷоза дода буданд, ки Қодирҷон Батиров, яке аз сабабгорони ҳодисаҳои хунини моҳҳои май-июни соли 2010 аз Қирғизистон фирор кунад.
Расонаҳои Қирғизистон ҳамчунин хабар доданд, ки президенти он кишвар Содир Ҷабборов ба мақомоти махсуси Қирғизистон дастури эҳёи дубораи парвандаи бетартибиҳои соли 2010-ро додааст. Дар низоъи қавмии соли 2010 дар вилоятҳои Ӯш ва Ҷалолободи Қирғизистон бештар аз 400 кас кушта шуда буд.
Низоъи моҳи июни соли 2010 баъди сари қудрат омадани Ҳукумати муваққат, баъи инқилоти 7 апрел рух дод. Бархеҳо дар Қирғизистон бар ин боваранд, ки ҳаводиси вилояти Ӯшро ҷонибдорони Боқиевҳо ташкил кардаанд. Боқиевҳо баъди инқилоби моҳи апрели он сол ба Белорус фирор карданд. Боварҳои дигар низ мавҷуданд, ки ҳодисаҳои соли 2010-ро кори дасти ҷудоихоҳон ва гуруҳҳои ҷиноие медонанд, ки талоши назорати қочоқи маводи мухаддиро доштанд.
Ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи низоъи қавмӣ дар соли 2010 дар ҷануби Қирғизистон 446 кас кушта, қариб 2 ҳазор кас ҷароҳат бардоштааст. Дар он ҳодисаҳо 57 тани дигар беному нишон шуданд, ки то кунун 19 тани онҳо пайдо нашудаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста