Огулгерек Бердимуҳаммадова, модари президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ва ҳамсари раисҷумҳури собиқи ин кишвар Қурбоқулӣ Бердимуҳаммадов, соҳиби унвони фахрии "Қолинбофи хидматнишондодаи Туркманистон" шуд.
Фармони эътои ин унвон дар нашрияи давлатии "Туркманистони бетараф" нашр шуд.
Унвони мазкурро ба модари президент барои хидматҳояш "дар тақвияти истиқолол ва ягонагии Туркманистон, рушди санъати миллии қолинбофӣ, нақшбании қолинҳо ва заҳмати тӯлонии чандинсола, санъати касбӣ" додаанд.
Чунин унвон дар баробари модари президент ба 11 зани дигар дода шудааст.
Унвони "Қолинбофи хидматнишондодаи Туркманистон" ҳамасола дар остонаи рӯзи қолинҳои туркманӣ дода мешавад, ки якшанбеи охири моҳи май таҷлил мегардад. Ин ҷанш соли 1999 ҷорӣ шуд.
Шаҳрвандони Туркманистон то кунун дар бораи модари президенти кунунӣ ва ҳамсари президенти пешини он кишвар иттилои зиёде надоранд. Маълум нест, Огулгерек Бердимуҳаммадова чанд сол дорад ва ба чӣ кор машғул буду ҳаст. Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, президенти пешини Туркманистон дар сафарҳои хориҷӣ ҳамсарашро бо худ намебурд. Расонаҳои Туркманистон танҳо соли гузашта акси ҳамсари президенти пешинро нашр карданд.
Сардор Бердимуҳаммадов дар моҳи марти соли ҷорӣ сари қудрат омад. Вай дар ин мақом падарш Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадовро иваз кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста