Қирғизистон барои истифодаи ҳарими ҳавоии худ ҷиҳат парвози ҳавопаймои масири Душанбе-Урумчӣ иҷоза дод. Қаблан хабар дода шуда буд, ки ин масъала то ҳол мавриди баррасӣ қарор дорад.
"Мақомоти авиатсионии Қирғизистон як рӯз пеш, 3 феврал барои истифода аз қаламрави худ ба ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” иҷоза доданд", — гуфтанд дар ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс”.
Ба иттилои манбаъ, иҷоза барои истифода аз фазои ҳавоӣ ҳангоми анҷоми парвози нав дар масири Душанбе-Урумчӣ ва басомади иловагии парвоз дар масири Душанбе-Новосибирск дода шудааст.
“Дар ҳоли ҳозир ширкати ҳавопаймоӣ бо истифода аз ҳарими ҳавоии Қирғизистон ба Алма-Ато ва Новосибирск парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад”, - шарҳ дод ширкати ҳавопаймоӣ.
Бино ба иттилоъи Оҷонсии авиатсияи граждании Қирғизистон, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дархост кардааст, ки аз 8-уми феврал то 21-уми марти соли 2023 барои парвозҳо дар масири Душанбе - Урумчӣ - Душанбе ва ҳамчунин 5-уми феврали соли 2023 барои парвоз дар масири Душанбе – Новосибирск иҷоза диҳад.
Парвозҳо, тавре аз Агентӣ қайд карданд, дар ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 анҷом дода мешаванд.
Абдулқосим Валиев, раиси ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”, рӯзи 1-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, парвози ҳавопаймоҳои Душанбе-Урумчӣ аз 8-уми феврал аз сар гирифта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки аз моҳи майи соли 2021 барои вуруд/хуруҷ, будубош, рафту омад ва транзити шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қирғизистон маҳдудият ҷорӣ шуда буд.
Маҳдудиятҳои зикргардида дар пайи муноқишаи марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ҷорӣ гардида буд. Моҳи апрел ва баъдан сентябри соли 2022 миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ду маротиба бархӯрди мусаллаҳона сари баҳси марзӣ рух дод, ки дар пайи он аз ҳарду ҷониб ҷандин нафар куштаву захмӣ шуданд.
Пас аз ин муносибати ҳарду кишвар ба сардӣ гароид ва ҳар гуна равобит қариб пурра қатъ гардид. Бо гузашти чанд муддат, ҷонибҳо ба сари мизи музокирот нишастанд ва аз хоҳиши худ ҷиҳати ҳалли дипломатии баҳсҳо сухан гуфтанд. Чанд вақти охир чунин ба назар мерасад, ки ҷонибҳо равобитро аз нав ва ба охистагӣ барқарор кардан мехоҳанд.
Додгоҳи олӣ баррасии шикояти кассатсионӣ дар парвандаи “табаддулот”-ро оғоз кард
Киҳо раиси кумитаву комиссияҳои порлумони Тоҷикистон интихоб шуданд?
Ду медали гӯштингирони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё
Имзои Шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 апрели соли 2025
Синфи миёна - муҳаррики иқтисод ва омили субот. Тоҷикистон то соли 2030 барои рушди он чӣ нақша дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2025
Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2025
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста