Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар се нишасти Самарқанд, ки дуи он ба вазъи Афғонистон бахшида мешавад, ширкат ва суханронӣ хоҳад кард. Дар ин бора аз ВКХ ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки ин нишастҳо ду рӯз, 13 ва 14-уми апрел баргузор мешавад ва Сироҷиддин Муҳриддин нигоҳи Тоҷикистонро вобаста ба мавзӯъҳои баррасишаванда ироа мекунад.
“Дар шаҳри Самарқанд се нишаст дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ дар назар аст. Вохӯрии вазирони кишварҳои ОМ ва Русия, Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ ва нишасти вазирони корҳои хориҷии ҳамсояи Афғонистон. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ин нишастҳо иштирок ва суханронӣ мекунад”, - гуфтанд аз ВКХ
Яке аз ин чорабиниҳо, нишасти чаҳоруми вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ки 13-уми апрел баргузор мешавад.
Интизор меравад, дар нишаст, вазъи ҷории Афғонистон ва роҳҳои кӯмак ба мардуми ин кишвар барои рафъи мушкилоту чолишҳои ҷиддӣ баҳс шавад.
Ин нишасти чаҳоруми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсои Афғонистон мебошад, ки ба вазъи кунунии Афғонистон бахшида мешавад. Моҳи сентябри соли 2021 Покистон мизбони нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии ҳамсояҳои Афғонистон буд.
Мулоқоти дуввум бо иловаи Русия моҳи октябри соли гузашта дар Теҳрон баргузор шуда буд, ки дар кори он Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ширкат намуд.
Ӯ гуфта буд, ки Тоҷикистон ҳукумати ба таври зӯрӣ ва бидуни ризоияти мардум ба қудрат омадаро дар Афғонистон ба расмият намешиносад ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки барои ҳалли мушкилоти Афғонистон талош кунанд.
Рӯзи 31-уми март нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Чин, ки меҳвари он ҳамоҳангсозии кӯмаки башардӯстона ба Афғонистон аст, баргузор гардида буд, ки ҳайати Тоҷикистонро дар ин нишаст Музаффар Ашуриён роҳбарӣ мекард.
Дар нишаст таъкид шуда буд, ки Тоҷикистон имконоти логистикии худ, аз ҷумла шаш пул дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро барои интиқоли борҳои башардӯстона аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ба Афғонистон фароҳам оварда, илова бар ин, интиқоли нерӯи барқро ба ин кишвар идома медиҳад.
Дар поёни ҷаласа, Изҳороти муштарак қабул гардида буд, ки дар баробари пешниҳодҳои дигари Тоҷикистон, ташаббуси раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъсиси “камарбанди амниятӣ” дар атрофи Афғонистон сабт шудааст.
Нишасти имсолаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия мулоқоти шашум аст.
Маълум нест, ки дар ин нишастҳо намояндагони Толибон* ҳам даъват шудаанд ё не.
Тоҷикистон аз миёни кишварҳои ҳамсояи Афғонистон танҳо кишварест, ҳеҷ гуна тамосе то кунун бо Толибон* надоштааст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.





Боздид аз Оромгоҳи Исмоили Сомонӣ ва Қалъаи Бухоро. Эмомалӣ Раҳмон дар Бухоро кадом мавзеъҳоро зиёрат кард?
Тахриби манзил дар Тоҷикистон: чӣ гуна метавон ҷуброн гирифт?
Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?
“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?
“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54
Аз имзои санадҳои наву оғози бунёди чанд коргоҳ то ифтитоҳи бинои нави сафорату ширкат дар барномаи “Шоми дӯстӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026
Эрон бо чӣ роҳ мехоҳад дар ҷанг пирӯз шавад? Роҳбурди ҷангии Ҷумҳурии Исломӣ дар баробари ҳамлаи Амрико ва Исроил
"Бо иштиҳои том!" Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста