Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 13-уми апрел, барои иштирок дар се нишасти Самарқанд, ки дуи он ба вазъи Афғонистон бахшида мешавад, озими ин шаҳр шуд. Дар ин бора аз ВКХ ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, ин нишастҳо имрӯз ва пагоҳ, 13 ва 14-уми апрел, баргузор мешавад ва Сироҷиддин Муҳриддин нигоҳи Тоҷикистонро вобаста ба мавзӯъҳои баррасишаванда ироа мекунад.
“Дар шаҳри Самарқанд се нишаст дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ дар назар аст. Вохӯрии вазирони кишварҳои ОМ ва Русия, Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ ва нишасти вазирони корҳои хориҷии ҳамсояи Афғонистон. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ин нишастҳо иштирок ва суханронӣ мекунад”, - гуфтанд дар ВКХ.
Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи “8 субҳ” хабар медиҳад, ки Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати корҳои хориҷии Афғонистон низ барои ишитирок дар нишасти вазирони корҳои хориҷии ҳамсояи Афғонистон, ба Самарқанд хоҳад рафт.
Ҳофиз Зиё Аҳмад, муовини сухангӯи сарпарасти вазорати умури хориҷаи Афғонистон, субҳи рӯзи панҷшанбе, 13-уми апрел, дар Твиттери худ аз сафари ҳайати Толибон* бо раҳбарии Амирхон Муттақӣ ба шаҳри Самарқанд хабар додааст.
Ба гуфтаи Зиё Аҳмад, интизор меравад, дар ҳошияи нишасти чаҳоруми вазирони хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, Амирхон Муттақӣ бо як идда вазирони хориҷаи кишварҳои ҳамсоя дидору гуфтугӯҳои дуҷониба анҷом диҳад.
Аммо муовини сухангӯи сарпарасти вазорати умури хориҷаи Афғонистон мушаххас нагуфтааст, ки Муттақӣ бо вазирони хориҷаи кадом кишварҳо мулоқоти дуҷониба анҷом медиҳад.
Аз вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ нагуфтанд, ки оё Сироҷиддин Муҳриддин бо Амирхон Муттақи мулоқот хоҳад кард ё не.
Сафари Амирхон Муттақӣ ба Самарқанди Ӯзбекистон дар ҳолест, ки Толибон ба се нишасти қаблии вазирони хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон даъват нашуда буданд.
Ин чаҳорумин даври нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бо ҳузури вазирони хориҷаи Русия, Тоҷикистон, Чин, Эрон, Покистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон аст.
Синфи миёна - муҳаррики иқтисод ва омили субот. Тоҷикистон то соли 2030 барои рушди он чӣ нақша дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2025
Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2025
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста