Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо тасмим доранд, механизми таҳримҳои такрориро эҷод кунанд. Ин механизм имкон медиҳанд, нисбати кишварҳое таҳрим ҷорӣ шавад, ки Русияро дар давр задани таҳримҳои аввалия ёрӣ мерасонанд, хабар медиҳад пойгоҳи centralasian.org.
Ҳадафи аввали механизми мазкур мумкин аст, ки кишарҳои Осиёи Марказӣ бошанд. Дар ин бора хабаргузории Bloomberg бо такя ба манобеи худ иттилоъ медиҳад.
“Ҳадафи асосии ин тасмим садди роҳи кишварҳое шудан аст, ки ба Русия кӯмак мерасонанд ва бастани маҷроҳоест, ки Москва аз онҳо истифода мекунад. Агар ин механизм кор надиҳад, Иттиҳод ба унвони қадами навбатӣ таҳримҳои ҳадафмандона ҷорӣ хоҳад кард”, - хабар додааст Bloomberg.
Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, баъди ҷорӣ кардани таҳримҳои нисбати Русия, баъди ҳамлаи густарда ба Украина дар соли 2022, содироти маҳсулот, аз ҷумла “низомҳои техникӣ ва дигар дастгоҳҳои муҳим аз Қазоқистон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Туркия, Чин ва дигар кишвар” ба Русия афзудааст.
Ба бовари мақомоти Ғарбӣ, компонентҳое, ки аз кишварҳои зикршуда ба Русия ворид шудааст, барои таъмири дронҳо ва сохтани мушакҳо истифода мешаванд, ки Русия бо онҳо ба Украина зарба мезанад.
Бояд гуфт, ки ин аллакай маротибаи аввал нест, ки давлатҳои Ғарб, аз ҷумла ИМА ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо эҳтимоли кӯмаки давлатҳои Осиёи Миёна ба Русия ҷиҳати давр задани таҳримҳои ҷоришударо баррасӣ мекунанд ва бо ҷорӣ кардани таҳрим таҳдид менамоянд. Қаблан низ ин кишварҳо давлатҳои минтақаро ҳушдор дода буданд, ки ба Русия кӯмак накунанд, то таҳрим нашаванд.
Воситаҳои пардохт дар Тоҷикистон ҳоло ҳам асосан барои гирифтани пули нақд истифода мешаванд
Давраи таътили мактабхонҳои Тоҷикистон маълум шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2025
Баъди зилзила. Сокинони Рашту Тоҷикобод чӣ аҳвол доранд?
“Азия-Плюс” барои фармоишгарони реклама Telegram-бот бо ҳуши маснӯиро роҳандозӣ мекунад
Шаҳри Қазвини Эрон ва Хуҷанд метавонанд бародаршаҳр шаванд
“Дарди музмин”. Нигаронии сокинон аз талаби пул барои таъмири мактаб
Вазорати тандурустӣ гуфт, дар Тоҷикистон аввалин ҷарроҳии бебуриши талхадон анҷом дода шуд
“Хиёнат ба ҷони паноҳҷӯён”. Амрико паноҳҷӯёни Афғонистонро ба ватанашон мефиристад
Оғози сафар ба ҳаҷ. Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик 16-уми май ба Арабистони Саудӣ мераванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста