Дар нимсолаи якуми соли 2023 намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон ҳама гуна баҳсҳои марзиро “дар сатҳи маҳал бо роҳи гуфтушунид баррасӣ ва ҳал намуданд”. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба Қирғизистон дар шаҳри Чӯлпон-ота бо намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаев мулоқот кардааст.
“Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи таҳкими робитаҳои дӯстона миёни ду вилояти ҳамсарҳадро баррасӣ ва аз натиҷаи кори гуруҳи кории муштарак изҳори қаноатмандӣ намуданд”, - менависад хадамот.

Афзуда мешавад, ки ҷонибҳо бори дигар омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ изҳор доштаанд.
Таъкид шудааст, ки “масъалаи аломатгузории марзи ду кишвар бо роҳи дипломатӣ ва якдигарфаҳмии комили тарафҳо ҳал хоҳад шуд ва барои ин дар сатҳи ҳукуматҳои ду мамлакат комиссияи босалоҳият фаъолият дорад”.
“Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ тарафҳо тамоми масъалаҳои пешомадаро бо роҳи гуфтушунид дар сатҳи маҳал баррасӣ ва ҳал намуданд ва дар оянда низ ҷонибҳо бо риояи анъанаҳои шарқиёнаи ҳамсоядорӣ фаъолият хоҳанд бурд”, - омадааст дар хабар.
Тарафҳо омодагии худро барои беҳтар намудани сатҳи кунунии муносибатҳо изҳор дошта, таъкид карданд, ки зиндагӣ дар фазои сулҳу дӯстӣ барои сокинони назидмарзии ду кишвар омили асосии рушди минтақа маҳсуб меёбад.
Бояд гуфт, ки ҳайати вилояти Суғди Тоҷикистон, Фарғонаи Ӯзбекистон ва Ботканди Қирғизистон ҳайи ин ҳафта дар вилояти Ботканд мулоқоти сеҷониба анҷом дода истодаанд.
Як манбаи огоҳ дар сӯҳбати телефонӣ рӯзи 18-уми июл ба “Азия-Плюс” гуфт, рӯзи 17-уми июл фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон - генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва генерал-майор Уларбек Шаршиев бо ҳам мулоқот анҷом додаанд.
“Онҳо сари масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон гуфтушунид карданд. Ҷузъияти ин мулоқот расман ироа намешавад”, - кӯтоҳ гуфт манбаъи мо.
Маврид ба гуфтан аст, ки ҳафтаи гузашта намояндагони гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Ботканд мулоқот анҷом дода, масоили делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишварро баррасӣ намуда буданд.
Бояд гуфт, ки номуайянии хати сарҳади давлатӣ, истифода ва дастрасӣ ба об аз омилҳои аслии низоъ миёни Тоҷикистону Қирғизистон давоми солҳои охир будааст.
Ду кишвар беш аз 980 километр сарҳад доранд, вале солҳо боз зиёда аз сесад километри он таъйину аломатгузорӣ нашудааст.






Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 январи соли 2026
Шаҳрвандони Тоҷикистон давоми соли 2025 дар Google бештар чӣ ҷустуҷӯ карданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2026
Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста