Се тан аз узбекистониҳое, ки рӯзи 29-уми октябр дар ҳамоиши эътирозӣ ба ҷонибдорӣ аз Фаластин дар майдони “Амир Темур”-и шаҳри Тошканд боздошт гашта буданд, барои 15 шабонарӯз ҳабс шудаанд.
Хабаргузории “Газета.uz” иттилоъ дода, ки боздоштшудаҳоро бо қарори додгоҳи ноҳияи Шайхонтоҳури Тошканд ҳабс кардаанд.
Ду нафари онҳо сокинони ноҳияи Оҳангарон ва як нафар аз ноҳияи Косони вилояти Қашқадарё аст. Онҳо бар асоси бандҳои “Итоат накардан ба талаби корманди ҳифзи ҳуқуқ” ва “Нақзи тартиботи ҷамъиятӣ” айбдор дониста шудаанд.
Қаблан расонаҳо хабар доданд, ки мақомоти интизомӣ дар шаҳри Тошканд иштирокдорони ҳамоиши эътирозӣ ба ҷонибдорӣ аз Фаластинро дастгир карданд.
Хабаргузории “Gazeta.uz” бо истинод ба манбаъҳои худ иттилоъ дода, ки беш аз 100 нафар дар майдони “Амир Темур”-и шаҳр ҷамъ шуда буданд ва маъмурони пулис онҳоро дастгир карда, ба шуъба бурдаанд.
Бояд гуфт, ки ин аввалин ҳодисаи ҳабси шаҳрвандон барои ташкили гирдиҳамоӣ ба ҷонибдорӣ аз Фаластин дар давлатҳои Осиёи Миёна аст. То кунун, сокинони минтақа бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз фаластиниён дифоъ карда, аз ташкили ҳар гуна гирдиҳамоиҳо парҳез мекарданд.
Додгоҳи олӣ баррасии шикояти кассатсионӣ дар парвандаи “табаддулот”-ро оғоз кард
Киҳо раиси кумитаву комиссияҳои порлумони Тоҷикистон интихоб шуданд?
Ду медали гӯштингирони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё
Имзои Шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 апрели соли 2025
Синфи миёна - муҳаррики иқтисод ва омили субот. Тоҷикистон то соли 2030 барои рушди он чӣ нақша дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2025
Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2025
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста