Субҳи имрӯз, 16-уми январ, мақомоти қудратии Қирғизистон манзили даҳҳо хабарнигори расонаҳои ғайридавлатиро кофтукоб карда, чандеи онҳоро ба идораи полис бурдаанд.  Дар байни онҳо 10 корманди феълӣ ва собиқи лоиҳаҳои “Айт Айт Десе” ва “Temirov Live” ҳастанд. Дар ин бора хабаргузории “Kloop.kg” бо такя ба Болот Темуров, рӯзноманигори ихроҷшудаи қирғиз хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, кормандони мақомоти қудратӣ манзили Маҳабат Тоҷибек қизӣ, директори лоиҳаҳои “Айт Айт Десе” ва “Temirov Live”, рӯзноманигорон Сапар Акунбеков дар Бишкек, Азамат Ишенбеков дар Токмак ва журналистон Сайпидин Султаналиев, Зоодар Бузумов ва Айке Бейшекеевро кофтуков кардаанд. Акунбеков ва корманди собиқи “Temirov Live” Актилек Қапаров барои бозпурсӣ ба идораи полис бурда шуданд.

“Kloop.kg” аз қавли Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон навиштааст, ки алайҳи лоиҳаҳои “Айт Айт Десе” ва “Темиров Live” тибқи моддаи “Даъват ба бетартибиҳои оммавӣ” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва кофтукоби густарда дар манзили рӯзноманигорон дар доири ин парванда гузаронида мешавад.

Тавре аз ин ниҳод хабар доданд, кормандони милитсия рӯзи 30 декабри соли 2023 ҳангоми мониторинги интернет дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ “дар саҳифаҳои “Айт-Айт Десе” ва “Темиров Live” маълумот пайдо карданд, ки ба бетартибиҳои оммавӣ даъват мекунад.

Ҳанӯз маълум нест, ки сухан дар бораи кадом мавод меравад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки кофтукоб дар хонаи Тинистан Асипбеков, хабарнигори нашрияи “ПолитКлиника” низ сурат гирифтааст. Ӯ дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки кофтуков дар манзили рӯзноманигорон ва бозпурсӣ ба парвандаи ҷиноӣ тибқи моддаи “Даъват ба бетартибиҳои оммавӣ” марбут аст.

Рӯзноманигор-тадқиқотгар Сайпидин Султоналиев пеш аз рафтан ба Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон барои бозпурсӣ гуфтааст, ки ӯро ҳамчун шоҳид дар парвандаи ҷиноӣ дар бораи бетартибиҳои оммавӣ ба бозпурсӣ даъват кардаанд. Телефон ва компютери ӯро гирифтаанд.

Дирӯз, 15-уми январ, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дафтари кории хабаргузории “24.kg” дар Бишкекро кофтукоб карда, тамоми таҷҳизотро бо худ бурданд ва дари расонаро мӯҳр заданд. Баъдан, ин ниҳод гуфт, алайҳи 24.kg бар асоси моддаи “Таблиғи ҷанг” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

“Рӯзи 15-уми январ дар доираи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ оид ба парвандаи ҷиноӣ бо моддаи “Таблиғи ҷанг” дар идораи хабаргузории “24.kg” кофтуков анҷом дода шуд. Зимни гузаронидани кофтуков копютер, ноутубук, инчунин дигар далелҳои шайъии марбут ба парвандаи ҷиноӣ гирифта шуд”, - гуфтанд дар хадамот амниятӣ.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон афзуд, феълан чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ идома дорад.

Директори генералии хабаргузории 24.kg Асел Оторбоева ва сардабирони он Антон Лимар ва Моҳинур Ниёзова дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бозпурсӣ шуда, сипас раҳо шуданд. Онҳо санади ифшо накардани рафти бозпурсиро имзо карданд.

“24.kg” аввалин расона нест, ки дар солҳои ахир ба “таблиғи ҷанг” муттаҳам мешавад. Моҳи феврали соли 2022 Додситонии кулл алайҳи хабаргузори “Kaktus.media” бо ҳамин модда парвандаи ҷиноӣ боз кард. Сабаби боз кардани парванда бознашри матлаби Оҷонсии иттилоотии “Азия-Плюс” ҳангоми муноқишаҳои марзии моҳи сентябри соли 2022 буд.

Худи “Kaktus.media” шарҳ дода буд, ки ҳадаф аз бознашри матлаб ба ҷомеаи Қирғизистон нишон додани он аст, ки ҷониби Тоҷикистон “чӣ гуна сиёсати иттилоотиро пеш мебарад”.

Аммо мақомоти гуфтанд, ин мавод “боиси ба миён омадани норозигии шадид ва афзоиши ташаннуҷ дар саросари кишвар шудааст ва ин метавонад боиси ташдиди вазъ ва истифодаи нерӯи низомӣ шавад”.

24.kg яке аз аввалин нашрияҳои мустақили интернетӣ дар Қирғизистон аст, ки соли 2006 таъсис ёфтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.