Ҳамаи рӯзноманигоронеро, ки ду рӯз пеш ба идораи мақомоти қудратии Қирғизистон бурда буданд, барои ду моҳ ба ҳабс гирифтанд.

Хабаргузории 24kg менависад, ки додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ҳамаи рӯзноманигорони собиқ ва кунунии тарҳи “Temirov LIVE”-ро ду моҳ ҳабс кард.

Аз ҷумла, додгоҳ раҳбари ин расона Муҳаббат Тоҷибек қизӣ, хабарнигорони нашрия Айке Бейшекеева, Сапар Акунбеков, Оқил Оразбеков, Укул Тоҷибек уулу, Ҷумабек Турдалиев, Акин Азамат Ишенбеков, хабарнигори собиқи ин нашрия Ҷодар Бузумовро ба ҳабс гирифт. Рӯзноманигори нашрияи пажӯҳишии “ПолитКлиника” Тинистон Асипбеков, собиқ рӯзноманигори “TemarovLive” ва муҳаррири феълии “Арча Медиа” Сайпидин Султоналиев ва собиқ хабарнигори ин нашрия ва ҳоло мудири расонаии он Актилек Капаров низ ба ҳабс гирифта шуданд.

Бино ба қарори додгоҳ, рӯзноманигорон то 13-уми март дар боздоштгоҳ мемонанд.

Гуфта мешавад, ки парвандаи 11 рӯзноманигори боздоштшударо 20 муфаттиш таҳқиқ мекунанд. Онҳо ба баднома кардани мақомоти давлатӣ муттаҳам мешаванд.

Ҳамаи боздоштшудаҳо бо иттиҳоме, ки алайҳашон эълом шудааст, розӣ нестанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.