Мунтахаби миллии футболи Ӯзбекистон дар даври 1/8 финалии Ҷоми Осиё оид ба футбол тими Таиландро бо ҳисоби 2:1 мағлуб карда, ба даври 1/4 финалии мусобиқа роҳ ёфт ва дар ин марҳила бо дастаи мизбони мусобиқа - футболбозони Қатар бозӣ мекунад, менависад хабаргузории Фергана.

Ҳамаи коршиносон бар ин назар буданд, ки мунтахаби Ӯзбекистон ғалаба мекунад, лекин пеш аз оғози бозӣ маълум шуд, ки яке аз бозигарони калидии даста нимҳимоятгар Отабек Шукуров шамол хӯрдааст.

Вақте ҳайати дастаҳо нашр шуд, дар он ҳамлагар танҳо Ҷалолиддин Машарипов зикр гардида буд. Ҳарчанд оид ба дастаи Таиланд пешгӯиҳо манфӣ буданд, лекин сарфи назар аз ин, дар даври гурӯҳӣ ягон тӯб ба дарвозаи онҳо ворид нашуда буд.

Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 37-ум футболбози ӯзбек Азизбек Тургунбоев боз карда, дар дақиқаи 58-ум футболбози Тайилан Сарачат ҳисобро мусовӣ кард. Баъди 7 дақиқа Аббос Файзуллоев бо зарба аз масофаи дур ҳисобро 2:1 ба фоидаи тими Ӯзбекистон кард. Дигар то охири бозӣ ҳисоб тағйир наёфт.

Акнун дар даври чаҳорякниҳоӣ Ӯзбекистон рӯзи 3 феврал бо тими соҳибони майдон - Қатар бозӣ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки мунтахаби Тоҷикистон низ ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфта, дар ин марҳила рӯзи 2 феврал бо тими Урдун бозӣ мекунад.

Қобили зикр аст, ки то имрӯз се ҷуфти даври чаҳорякниҳоӣ маълум шуд: Тоҷикистон - Урдун; Австралия - Кореяи Ҷанубӣ ва Ӯзбекистон - Қатар. Ҷуфти чоруми даври чаҳорякниҳоӣ имрӯз дар бозиҳои  Эрон - Сурия ва Баҳрайн - Ҷопон маълум мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.