Идораи мусулмонон ё муфтиёти Қирғизистон бо нашри як эълон гуфт, “ниқобу фаранҷӣ дар дин воҷиб нест” ва он барои ҷомеаи ин кишвар падидаи бегона аст. Аз ин лиҳоз, “занҳо барои напӯшидани он гунаҳкор намешаванд”.

“Ин имкон вуҷуд дорад, ки баъзе аз бадкирдорон зери ниқоб худро хоҳар ва ё бародари мо нишон дода, мумкин аст, ба амнияти мардум таҳдид кунанд. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки чеҳра боз бошад, то онҳоро шинохта тавонанд”, - зикр мешавад дар баёнияи Идораи мусулмонони Қирғизистон

Баҳси пӯшидани ниқоб ё фаранҷӣ ё напӯшидани он дар ҷомеаи Қирғизистон аввали моҳ ва дар пайи роҳандозии корҳои ташреҳии мақомоти интизомии ин кишвар миёни занон оид ба манъи пӯшидани ин навъи либос доғ шуд.

Он замон мақомоти ин кишвар ба занон ҳушдор дода буд, ки “дар сурати риоя нашудани талаботи қонун занҳо 20 000 сом (230 доллари амрикоӣ) ҷарима хоҳанд шуд.

Пас аз як рӯзи корҳои фаҳмонидадиҳӣ, Содир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон ҳам оид ба пӯшидани ҳиҷоб, ниқоб ва фаранҷӣ муфассал андешаашро баён кард ва гуфт, ин кори шахсии ҳар нафар аст, ҳар тавре мехоҳад пӯшад, аммо чеҳра бояд боз бошад.

 

Аз манобеи боз

Ҳамчунин, ӯ аз кормандони милитсия хост, “ба ҷойи салла, калла наоранд”, яъне ба занҳое, ки рӯсарӣ доранд, аммо рӯяшон метобад, кордор нашаванд.

Бояд гуфт, Қирғизистон яке аз охирин кишварҳ дар Осиёи Марказӣ аст, ки ба шеваи либоспӯшии занон дахолат мекунад. Дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, ба мисли Қазоқистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барвақт пӯшидани ҳиҷоб дар мактабу идораҳои давлатӣ манъ шудааст.

Дар аксари ин кишварҳои минтақа таъкид мекунанд, ки либоси миллии онҳо ҳеч камие аз ҳиҷобу либосҳои дигари исломӣ надорад ва бар фармудаҳои шариат дар бораи либоси занон мувофиқ аст. Ва ҳиҷобу фаранҷӣ ва ниқобро барои фарҳанги худ бегона меҳисобанд.

Созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон ин мамнӯиятҳоро поймолкунии ҳуқуқи шаҳрвандон ба эътиқод медонанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.