Аз соли 2022 то кунун дар ҷараёни боздоштҳои Хадамоти федералии бехатарӣ (ФСБ) дар Русия дастикам 70 нафар кушта шудаанд, ки 9 тани онҳо зодагони Осиёи Марказӣ будаанд. Дар ин бора сомонаи "Важние истории" хабар додааст.
Ин расона бар асоси гузоришҳои ФСБ, Кумитаи миллии зиддитеррористӣ, Кумитаи тафтишот, оҷонсиҳои хабарии давлатӣ ва расонаҳои наздик ба нерӯҳои амниятӣ ин оморро ҳисоб кардааст.
Ба навиштаи манбаъ, маъмурони ФСБ дар ҷараёни боздошт дастикам 65 нафарро дар Русия ва 4 нафарро дар қисмати ишғолшудаи вилояти Запороже куштаанд. Инчунин, 1 нафари дигар, ба гуфтаи худи хадамоти махсус, дар лаҳзаи боздошт дар наздикии Самара худро бо бомба тарконидааст.
“Дар 28 ҳолат ФСБ кушташудагонро дар омода кардани ҳамлаҳо тибқи фармони хадамоти махсуси Украина ё воҳидҳои ихтиёрии Қувваҳои мусаллаҳи Украина гумонбар донистааст”, - менависад расонаи русӣ.
Тибқи омори "Важние истории", ҳадди ақал 44 кушташуда шаҳрвандони Русия будаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, 9 тани онҳо зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд. Ҳадди ақал 2 нафари кушташудагон шаҳрвандони Қазоқистон будаанд. ФСБ гуфтааст, онҳо гуё бо дастури шохаи "Хуросон"-и ДОИШ ният доштанд, дар каниса ё ибодатгоҳи яҳудиён дар Маскав таркиш анҷом диҳанд.
Вале дақиқ гуфта нашудааст, ки дигар кушташудагон шаҳрвандони кадом кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд.
Бояд гуфт, ки моҳи феврали имсол се ҷавони муҳоҷири тоҷик дар Русия бо иттиҳоми эҳтимолии даст доштан ба терроризм кушта шуданд. Аммо пайвандонаш исрор меварзанд, ки қурбониён майли ифротгароӣ ва гузаштаи ҷиноӣ надоштанд. Ду ҷавон яккаписару ягона ноновари хона будаанд. Бештар дар ин пайванд бихонеду бубинед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста