Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон бахшида ба 34-солагии истиқлоли кишвараш фармони афв содир кард, ки тибқи он 523 маҳбусе, ки “аз кирдори худ самимона пушаймон шуда, ба роҳи ислоҳ қадам гузоштаанд”, бахшида шуданд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти президенти ин кишвар, аз теъдоди умумии афвшудагон, 195 кас пурра аз адои ҷазои асосӣ озод, 147 тан шартан пеш аз мӯҳлат аз зиндон озод, 87 кас ҷазои ҷазояшон сабуктар ва 94 тан мӯҳлати ҷазояшон кам карда шуд.
Дар байни афвшудагон гурӯҳҳои мухталифи аҳолӣ мебошанд:
- 8 шаҳрвандони хориҷӣ.
- 45 зан.
- 31 н марди аз 60-сола боло.
- 220 ҷавони то 30-сола, ки аз ҷумлаи онҳо як нафар ноболиғ низ ҳаст.
- 15 шахсе, ки дар фаъолияти ташкилоти мамнӯъ иштирок карда буданд.

Дар фармон аз мақомоти марбута талаб шудааст, ки ба афшудагон барои бозгашт ба оилаҳояшон, мутобиқ шудан ба ҳаёти иҷтимоӣ, пайдо кардани ҷои кор ва зиндагии солим кӯмак расонанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар соли 2024, фармони афви президенти Ӯзбекистон дар арафаи иди Рамазон (30-уми март) низ содир шуда буд, ки он вақт 488 маҳкумшуда бахшида шуданд.
Одатан, дар Ӯзбекистон фармонҳои афв се маротиба дар як сол - дар арафаи иди Рамазон, Рӯзи истиқлол (1-уми сентябр) ва Рӯзи сарқонун (8-уми декабр) - қабул карда мешаванд. Маълумоти умумӣ нишон медиҳад, ки аз соли 2024 то ин дам дар Ӯзбекистон 1 ҳазору 431 нафар афв шудаанд.




Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Иштироки омӯзгорони 4 донишгоҳи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд
Аз ҳамла ба киштии "Дена"-и Эрон дар уқёнуси Ҳинд то мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрону Исроил ва пойгоҳҳои Амрико
Расонаҳои Русия мегӯянд, ҳукми гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 12-уми март дар ҳузури расонаҳо эълон мешавад
Соли гузашта дар кадом минтақаи озоди иқтисодии кишвар чӣ қадар маҳсулот истеҳсол шудааст?
Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Дар пайи садамае дар Душанбе се ҷавони 25-сола ҷон бохтааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 40
Низои маҳдуд, шиддатгирии вазъ ва бесуботии дохилӣ дар Эрон. Се гузинаи таъсири ҷанг дар Эрон ба Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста