Агентии муҳоҷирати Ӯзбекистон ба "рейд"-и мақомоти Русия дар консерти сарояндаи ӯзбек Ҷалолиддин Аҳмадалиев дар Красноярск ва боздошту "ҳамла" ба муҳоҷирон расман вокуниш кард ва Консулгарии генералии ин кишвар дар Новосибирск бархе ҷузъиёти ҳодисаро гуфт.
Дар иттилои расмии Агентии муҳоҷирати Ӯзбекистон, ки рӯзи 24-уми сентябр нашр гардидааст, таъкид мешавад, ки “намояндагии Агентии муҳоҷират дар Русияи барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон вакили дорои иҷозатномаро таъин кардааст”.
Консулгарии генералии Ӯзбекистон дар Новосибирск ҳам вокуниш карда, сабаби гузаронидани рейди мақомоти Русияро бо мақомоти маҳаллӣ мувофиқа нашудани консерти Ҷалолиддин Аҳмадалиев гуфтааст.
Ба иттилоот манбаъ, муҳоҷирон рӯзи 22-юми сентябр барои тамошои консерти сарояндаи маъруфи ӯзбек Ҷалолиддин Аҳмадалиев ба толори зиёфатии “Корона”-и деҳаи Солонсӣ дар кишвари Красноярск ҷамъ омада буданд.
“Аммо чорабинӣ бо тартиби расмӣ бо идораҳои дахлдори маҳаллӣ мувофиқа нашуда буд, ки сабаби баргузории рейд гашт”, - навиштааст Консулгарӣ.
Консулгарӣ дар баёноти худ таъкид кардааст, “баргузории чунин рейдҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд асосҳои ҳуқуқии муҳкам дошта бошад ва ба фароғати фарҳангии шаҳрвандон монеъ нагардад”.

Тибқи маълумоти Консулгарӣ, натиҷаҳои рейд чунин будааст:
- 8 шаҳрванди Ӯзбекистон боздошт гардидаанд;
- 4 тани дигар ҷарима ва аз ҳудуди Русия ихроҷ шудаанд.
Қаблан гуфта мешуд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар ҷамъ 26 нафарро аз толори консерт ба шӯъбаи полис бурдаанд. Ба иттилои консулгарӣ, ҳоло теъдоде аз шаҳрвандони Ӯзбекистон дар Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Дар изҳорот омадааст, ки намояндагии дипломатии Ӯзбекистон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар робита ба ин ҳодиса ҳамкорӣ ва аз ҳуқуқи шаҳрвандонаш дифоъ мекунад.
Консерти Ҷалолиддин Аҳмадалиев шоми 22-юми сентябр дар толори “Корона” баргузор шудааст ва дар ин чорабинӣ тақрибан 620 меҳмон ҷамъ омаданд, ки 210 тани онҳо муҳоҷирон будаанд. Дар давоми консерт ногаҳон гурӯҳе аз кормандони мақомот вориди толор шуданд ва раванди консертро барҳам заданд.
Чаро мақомоти Русия ба шоми хурсандии муҳоҷирон “ҳамла” карданд ва ҳуқуқшинос ба ин кирдори мақомоти рус чӣ шарҳ дорад, дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста