Дар Ӯзбекистон “Портали ягонаи ҳаҷ ва умра” роҳандозӣ гардид. Шаҳрвандони ин кишвар метавонанд аз хона худро барои адои ҳаҷ сабтином кунанд.
Кумитаи умури дини Ӯзбекистон хабар медиҳад, ки шаҳрвандон имкон доранд тавассути ду сомонаи давлатии www.my.gov.uz ва haj-www.umra.gov.uz сабти ном шаванд.
Ҳадаф аз таъсиси портал фароҳам овардани осонӣ, таъмини шаффофият, аз байн бурдани навбатпоӣ ва ба шакли электронӣ гузаронидани раванди ҳуҷҷатсупорӣ барои зоирон будааст.
“Ба шаҳрвандон имкон дода шуд, ки дар хона истода, ба таври фосилавӣ сабтином шаванд. Равандҳои гуногуни қоғазбозӣ, аз қабили ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо ва муроҷиат ба ширкатҳои мустақил хотима дода шуд”, - омадааст дар гузориши Кумитаи дин.
Аммо маълум нест, ки шаҳрвандони хориҷӣ низ метавонанд аз ин имкон истифода кунанд ё не.

Зеро солҳои охир теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи ширкатҳои сайёҳии Ӯзбекистон ба умра мераванд. Дар аксар ҳолат нархи нисбат ба ширкатҳои ватанӣ поёнтар онҳоро ба интихоби ширкатҳои ӯзбекистонӣ водор кардааст. Аммо ҳолатҳои фиреби шаҳрвандони Тоҷикистон аз сӯйи ширкатҳои Ӯзбекистон низ мушоҳида шудааст.
Дар Тоҷикистон бошад, хоҳишмандони зиёрати хонаи Худо ба шуъбаҳои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар шаҳру ноҳияҳо мустақиман ва тариқи ҳузурӣ муроҷиат мекунанд.
Онҳое, ки ба умра мераванд, аз хадамоти ширкатҳои хадамотрасон метавонанд истифода кунанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ эълом карда буд, дар мавсими Ҳаҷ - 2026 танҳо дар сурати доштани шаҳодатномаи тиббӣ аз замимаи “Нусук”, ба зоирон раводиди ҳаҷ дода мешавад. Ин талабот ба хотири таъмини амният ва саломатии зоирон аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста