Рӯзи ҷумъаи 28-уми ноябр дар ҳамаи масҷидҳои Ӯзбекистон дар пайи бебориш омадани тирамоҳи имсола пас аз адои намози ҷумъа барои талаби борон намози истисқо (талаби борон) хонда мешавад.
Ин пешниҳод аз сӯи Нуриддин Холиқназар, муфтӣ ва раиси Идораи мусалмонони Ӯзбекистон дар пайи ҳавои бебориши имсола ироа шудааст. Ба гуфтаи обуҳавошиносон, боришоти назаррас чанд ҳафта боз мушоҳида нашудааст ва рӯзҳои наздик ҳам боришот пешбинӣ нашудааст.
“Намози дуракаатии истисқо бо тавба, дуо ва дархости бахшиш рӯзи 28-уми ноябр, пас аз намози ҷумъа дар ҳамаи масҷидҳо кишвар хонда мешавад”, - навиштаи Идораи мусалмони Ӯзбекистон.
Ин ниҳод гуфтааст, ки анъанаи дуои талаби борон ё намози истисқо аз замони Паёмбар Муҳаммад (с) омадааст.
Ба иттилои Идораи мусулмонҳои ҳамсоякишвар, дар солҳои бебориш, Паёмбар бо ҷамоат рӯ ба қибла меоварданд ва намози истисқоро мехонданд. Ба гуфтаи масъулини ин ниҳод, фазилати ин намоз дар маҷмӯи ҳадисҳо муфассал оварда шудааст.
Идораи мусалмонони Ӯзбекистон, ҳамчунин, ба шаҳрвандони ин кишвар, ки дар Макка ва Мадина дар ҳоли анҷоми умра ҳастанд, тавсия додааст, ки намози истисқо хонанд.
Дар назар аст, ки устодон ва донишҷӯёни донишкадаҳои исломӣ пеш аз намози ҷумъа китоби "Саҳеҳ ал-Бухорӣ"-и Имоми Бухориро мутолиа кунанд. Идораи мусалмонони Ӯзбекистон навиштааст, дар гузашта хондани “Саҳех ал-Бухорӣ” ҳангоми хушксолӣ ба бориши борон боис мешуд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз дар масҷидҳои марказии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва дар ҷойҳои муқаддас ҳайвонотро қурбонӣ карда, гӯшти онҳоро ба оилаҳои эҳтиёҷманд тақсим мекунанд.
Намози истисқо аз ду ракъат иборат буда, одатан бо ҷамоат хонда мешавад. Дар саҳроҳо ва масҷидҳо, бахусус пас аз намоз ва ҳангоми хутбаи ҷумъа, хондани дуои борон маъмул аст.
Қаблан, дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон барои боридани борон гӯсфандро қурбонӣ карда буданд. Сокинони он мегӯянд, баъди ин, чанд рӯз борон борид, вале ин вазъи ҷиддии хушксоливу беобиро ҳал накард.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 декабри соли 2025
Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста