Ҷонибеки Мурод, овозхони шинохтаи тоҷик, ки ба тадриҷ қуллаҳои баландро дар хориҷ аз Тоҷикистон фатҳ мекунад, ҳанӯз дар шашсолагӣ ба дунёи мусиқӣ ворид шуд. Фаъолияти эҷодияшро соли 2005 дар гурӯҳи хуҷандии “Боло”шурӯъ кардаву баъдан овозхони гурӯҳи “Вазир” буд.
Аммо шӯҳрат ба Ҷонибек баъд аз он, ки дар танҳоӣ фаъолияти овозхонияшро ба роҳ монд ёр шуд. Аллакай чаҳор албоми худро ба бозор ироа намудааст. Исми охирин албомаш - «Ман на манам, на ман манам» номгузорӣ шуд, ки бархе аз оҳангҳояшро Ҷонибек дар ҳамовозӣ бо падараш Ҷурабек Муродов, овозхони саршиноси тоҷик иҷро намуд.
Ҷойзадори чандин озмунҳо дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон аст ва ҳамасола барномаҳои ҳунарияш дар Амрикову Аврупо доир мешаванд.
Ҷонибек мегӯяд, дар таърихи мусиқии тоҷик ин аввалин клипест, ки бо чунин маблағи ҳангуфт таҳия мешавад. Ӯ ҳамагӣ 25 сол дорад ва ҳадафи аслияш муаррифии мусиқии тоҷик ба ҷаҳониён аст. Оиладор ва як фарзанд дорад.
Ҷонибек Муродов дар ҳисобаш аллакай се албоми бобарор дорад. Лекин пайдоиши албоми навро дӯстдорон бо бетоқатии махсус интизор буданд - ба ҳар ҳол шӯҳрати ҳофиз беҳад зиёд гашт. Ба албоми нав таронаҳои аз ҳама машҳури ҳофиз дар солҳои 2009-2010 дохил гаштанд, дар баробари ин аксарияти таронаҳо дар оҳанги қатъиян нав ва ғайриоддӣ пешниҳод шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
zuhuridini nuridin23 апрел, 2011 00:13
Agar niyati shumo sodiq boshad in sho olloh ki ba maqsad khohed rasid hofizi quron budan baroi tojik manoi merosbari niegoni moro dorad Albatta sarfi nazar az kasbi ikhtier kardaash agar quronro donad albatta pisaraton habibi khudoi buzurg khohad bud