Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС Ҷӯрабек Муродов, ки 24-уми декабр 70-умин солгарди зодрӯзашро ҷашн мегирад, имрӯз дар меҳмонаи радиои «Азия-Плюс» қарор дошт.
Дар барномаи пахши мустақими радио овозхони шинохта доир ба дастоварду вижагиҳои эҷодиёти ғании худ ҳикоят карда, ҳатто чанд пораҳоеро аз сурудҳои писандидаи мардум зинда сароид. Шунавандагони радиои «Азия-Плюс» имкон доштанд, ки мустақиман ба Ҷ.Муродов саволҳо диҳанд.
Пас аз итмоми барнома Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС дар лавҳаи шабакаи радио навиштаҷоти хотиравӣ боқӣ гузошт. Ба Ҷӯрабек Муродов аз номи шабакаи радио туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Дар остонаи таҷлили ҷашни 70-умин солгарди зодрӯз идораи ҳафтавори «Азия-Плюс» бо Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС Ҷӯрабек Муродов мусоҳибаи махсусе анҷом хоҳад дод, ки он дар саҳфаҳои шумораи санаи 26-уми декабри ҳафтавор ба табъ мерасад.
Инак, як қисмати кӯтоҳи барномаи радиои «Азия-Плюс» бо ҳузури Ҷӯрабек Муродовро манзури шумо мегардонем.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста