Имрӯз дар кишвар маъракаи интихоботӣ аз соати 6-и субҳ оғоз  ефта, то ҳол идома дорад. Аз пурсиши видеоие, ки хабаргузории «Азия-Плюс» доир кард, маълум мешавад, ки аксари овоздиҳандагон танҳо дар бораи номзади ягонаи Ҳизби халқӣ-демократӣ, раисҷумҳури феълии кишвар Эмомал ӣ  Ра ҳ мон маълумот доранд.

Сурайё Шарипова,  ки дар қитъаи раъйдиҳии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт овоз медод, гуфт: «Ман ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон овоз додам, чунки ӯ кишварро ба сулҳ овард. Номзадҳои дигарро намешиносам».

Раиси Иттифоқи нависандагон Меҳмон Бахтӣ, ки бо аҳли оилааш ба овоздиҳӣ омада буд, гуфт, райъи худро ба Эмомалӣ Раҳмон дод, чунки ӯ кишварро озод ва обод намудааст. «Боварӣ дорам, ки  Эмомалӣ Раҳмон дар 7 соли ояндае, ки президент интихоб мешавад , боз ҳам  кишварро ободтар мекунад».

Шоир Абдулҳамид Самадов, ки раисии қитъаи мазкурро ба ӯҳда дорад,  мегӯяд, ки интихобот шаффоф мегузарад. «Дар қитъаи мо 1 ҳазору 960 шаҳрванд ба қайд гирифта шудааст, ки онҳо фаъолона омада, райъи худро дода истоданд».

Дар ин интихоботи президенти Тоҷикистон имсол шаш  номзад –  Эмомалӣ Раҳмон, Исмоил Талбаков аз Ҳизби коммунист, Абдуҳалим Ғаффоров аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Саидҷаъфар Исмонов аз Ҳизби демократ, Толиббек Бухориев аз Ҳизби аграрӣ ва Олимҷон Бобоев аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ сабти  ном шудаанд.