Сиёсатшиноси тоҷик бар ин назар аст, ки бесуботиву ноамнӣ ва беназмӣ дар Қирғизистон ба таъмини сулҳу субот дар тамоми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад.
“Собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ихтиёрӣ ба ҳукуматдорон таслим шуда, оқилона рафтор намуд ва бо ин амалаш исбот кард, ки бесуботиву хунрезиро дар ватанаш намехоҳад”, - гуфт дар суҳбат бо “Азия-Плюс” сиёсатмадори тоҷик, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов.
Ба ақидаи ӯ, агар айбномаҳои зидди Отамбоев пешниҳодшуда воқеъбинона дар доираи қонунҳои кишвар мавриди тафтиш қарор нагирифта, ба сиёсат ангехта шаванд, дар Қирғизистон эътирозҳои аҳолӣ ба вуҷуд омаданаш имкон дорад.
“Бесуботиву ноамнӣ ва беназмӣ дар Қирғизистон ба таъмини сулҳу субот дар тамоми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад”, - таъкид дошт Ҳакимов.
Дар ҳамин ҳол, собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев то 26 август дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ нигаҳдорӣ мешавад. Дар ин бора ба 24.kg адвокати ӯ Сергей Селесарев хабар додааст.
Ёдрас мекунем, ки дар рӯзи дуюми амалиёти боздошти собиқ президенти Қирғизистон ба кормандони мақомоти қудратӣ муяссар шуд, ки ба манзилаш дар деҳаи Кӯй-Тош дар канори Бишкек ворид шаванд. Отамбоев баъд аз як музокирот бо намояндаи мақомот ба берун баромад ва таслим шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста