Сарони кишварҳо, вакилони парлумон ва аъзои ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон оромона масъалаҳои қитъаҳои баҳсиро дар сарҳади ҳарду кишвар баррасӣ мекунанд, лекин мушкилот ҳал намешавад.
“Як гурӯҳи алоҳидаи шаҳрвандон, бахусус шаҳрвандони кишвари ҳамсоя дар ин масъала ба гапи касе гӯш намедиҳанд, ба назари онҳо, бо сангпартоӣ сӯи ҳамдигар масъала ҳал мешавад”, - изҳор дошт ба “Азия-Плюс” раиси Кумитаи мудофиа ва амнияти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон генерал майор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ҷӯрахон Маҷидзода.
Вакил мутмаин аст, ки ҳар як муноқиша дар сарҳади давлатӣ мушкилотро боз бештар душвор ва печида месозад.
“Агар Тоҷикистону Қирғизистон қаблан саривақт саркардагони бетартибиҳоро дар сарҳад ба ҷавобгарӣ мекашиданд, имрӯз он ҷо орому амн мебуд. Беамалии ҳукуматдорон, бахусус дар қаламравҳои ҳаамарз бо Тоҷикистони Қирғизистон, дар чанде аз шаҳрвандон ҳисси беҷазоиро ба вуҷуд меорад”, - қайд кард вакил.
Зимнан изҳори итминон шуд, ки айни замон Тоҷикистону Қирғизистон бояд қатъиян тавофуқҳои қаблан ҳосилшударо дар ин масъала риоя намоянд ва ҳамзамон ба кори таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳад суръат бахшанд.
Баъди муноқишаи нимаи моҳи март дар сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷонибҳо изҳор дошта буданд, ки гурӯҳи муштараки тафишотӣ таъсис дода шуда, гунаҳкорони ташкили бетартибиҳо муҷозот мешаванд, лекин то ҳол дар бораи ҷазо гирифтани касе дар робита ба ин масъала маълумоте дастрас нашудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Гузориш: 79%-и об дар Осиёи Марказӣ барои обёрӣ сарф мешавад
Хишти аввал. Оҷонсии иттилоотии "Азия-Плюс” 29-солагии худро таҷлил мекунад
“Умед доштем, ки ақаллан ягон сол кам мекунанд”. Додгоҳи кассатсионӣ ҳукми “чеҳраҳои сиёсӣ”-ро бетағйир гузошт
Ҳафтаи китоби кӯдакон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ баргузор мешавад?
Шавкат Мирзиёев нишасти аввали “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо”-ро таърихӣ номид
Боздошти як марди 35-сола бо гумони куштори ҳамсараш дар пойтахт
Баҳси марзӣ ҳал ва сарҳад боз шуд. Аз Тоҷикистон чӣ гуна метавон ба Қирғизистон рафт?
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста