Ҳамаи шахсоне, ки сарҳадро бидуни риояи қоидаҳои дахлдори карантини ҳатмӣ убур мекунанд, бояд ба ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноятӣ кашида шаванд.
Вақтҳои охир овозаҳо паҳн мешаванд, ки бисёриҳо кӯшиш мекунанд, сарҳади моро бо канорагирӣ аз минтақаҳои ҳатмии карантинӣ убур кунанд, ки ин вайронкунии қоида ва меъёрҳои санитарӣ-эпидемиологӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, агар шахс сарҳадро убур карда, аз карантини ҳатмӣ саркашӣ кунад, вай бояд мутобиқи моддаи 112 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шавад.
“Барои риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитария гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ, инчунин иҷро накардани чорабиниҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемӣ (ба ғайр аз қоидаю меъёрҳои вобаста ба ҳифзи ҳавои атмосфера),
- ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз бист то бисту панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад”.
Агар шаҳрванди мазкур бемор бошад ва шахсони дигарро сироят кунад, ӯро ҷавобгарии ҷиноятӣ тибқи моддаи 207 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати то 10 сол интизор аст.
“1) Вайрон кардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ё заҳролудшавии одамон гардидааст,
- бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳь ба муҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар он аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ё мубталои сирояти вируси норасоии масунияти одам ё марги инсон гардида бошад,
- бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.”
Шаҳрвандони муҳтарам!
Вақте шумо намехоҳед, қоидаҳои карантинро риоя кунед, дар хотир доред, ки шумо пеш аз ҳама ба наздикон ва азизонатон зарар мерасонед. Марги ҳар як шахси аз шумо сироятшуда ба виҷдони шумо вогузор аст.
Дар асл, ҳамагуна кӯшиши убури сарҳади давлатӣ бидуни риояи қоидаҳои дахлдор ҷиноят алайҳи саломатӣ ва амнияти аҳолӣ, суботи иқтисодии давлат, бахши хусусӣ ва шаҳрвандон мебошад, ки бояд ба пуррагӣ мувофиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шавад!
Амният ва саломатии аҳолии кишварамон ба ҳар яки мову шумо вобаста аст!
Иҷрои тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустиро фаромӯш накунед (дастонро зуд-зуд шустан, масофаро нигоҳ доштан, ҳангоми аломатҳои аввалия худканораҷӯӣ кардан ва ғайра).
Бознашр аз саҳифаи фейсбукии Шикати ҳуқуқии “Ҳимоя”
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Вақте одамонро даруни бинои оташгирифта дидам, натавонистам бетараф бошам”
Пулиси Хатлон сабаби латукӯби модару духтар аз сӯи бародарони шавҳари занро шарҳ дод
Боздошти як ҷавони 28-сола бо гумони фиреби сокинон бо ваъдаи фиристодан ба Амрико
Шиносномаи Тоҷикистон дар сафи заифтаринҳо дар ҷаҳон қарор гирифт (НАВШУДА)
“Як рӯз пеш аз маргаш куштанд”. Поягузори нашрияи парлумонӣ ва рӯзноманигори шаҳир Муродулло Шерализода 80-сола шуд
“Онҳоро ба талбандагӣ маҷбур мекард”. Ду кӯдакро аз модарашон гирифта, ба мактаб-интернат супоридаанд
Гумонбарони асосии ҳамла ба “Крокус” аз лиҳози равонӣ солим эътироф шудаанд
Давраи дуввуми музокираи Эрон ва Амрико рӯзи шанбе мегузарад. Дар музокираи аввал тарафҳо чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?
Паёмади 5 заминларза дар минтақаи Рашт: 160 хонаи истиқоматӣ ва се мактаб зарар дидааст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста