Дигар дар Тоҷикистон танҳо як саволи муҳим беҷавоб монд: кай карантин эълон мешавад ва оё мешавад?
Эҳтимоли эълон шудани ин карантин аз бегоҳи 16-уми апрел дар фикрҳо пайдо шуд: вақте президент Раҳмон ҷаласаи фаврию ғайринавбатии ҳукумати худро баргузор карду шабакаҳои ТВ акнун шабу рӯз аз хавфҳои коронавирус ва таҳдидҳои эҳтимолиаш ба кишвари мо мегӯянд. То ин вақт, агар онҳо чизе мегуфтанд, хеле боэҳтиёт буданд. Албатта, ҳоло ҳам дар ҳар матлаби худ журналистони шабакаҳои телевизионии ҳукуматӣ ҳатман ишора мекунанд, ки дар Тоҷикистон аломатҳои ин беморӣ сабт нашудааст.
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҳам қароре дар бораи мавқеъгириҳо вобаста ба масҷидҳо ва давраи моҳи шарифи Рамазон ба тасвиб расонд ва ин эҳтимолро дар бораи эълон кардани карантин ё чизе монанд ба он бештар мекунад.
Воқеан, пештар ҳам дар ин бора, ки Тоҷикистон низ ахиран ягон тасмими ҷиддӣ дар мавриди буҳрони ҷаҳонӣ хоҳад гирифт, ҳадс ҷо дошт. Аввал, назарҳое буданд, ки шояд президент аз ҷашнҳои наврӯзии вилояти Суғд бармегардаду баъдан тасмим хоҳад гирифт. Дертар гуфта мешуд, ки ҳоло бояд иҷлосияи аввалини Маҷлиси Миллиро баргузор кунанду шояд баъд ба ин мавзӯъ баргарданд, чун ин иҷлосия “хеле муҳим аст”.
Дар ҳамин ҳол, таъини 8 узви Маҷлиси Миллӣ, ки бояд аз ҷониби президент сурат мегирифт, бори аввал дар таърихи 20-солаи ин ниҳод, бо дермонӣ сурат гирифт. Ним соат пеш аз таъиноти ахири сенаторҳо дар рӯзи 15-уми апрел, ҳамон тавре дар сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон мебинем, ӯ бо ҳамтои русаш Владимир Путин суҳбати телефонӣ доштааст. Аммо дар фармонҳои пас аз ин суҳбат содиршуда низ, номи ҳамагӣ 6 нафар буд, на 8, ки аъзои қабати болоии парлумонро бояд пурра кунад.
Ин ҳам дар ҳоле, ки мувофиқи моддаи 52 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ба тартиби таъйин намудан ва бақайдгирии аъзои Маҷлиси миллӣ бахшида шудааст, омада:
“Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 30 рўзи баъди интихоботи Маҷлиси намояндагон ба Фармони худ таъйин мекунад”.
Бо ҳамин, ба ғайр аз нодида гирифтани талаботи қонун, ки ҳуқуқдонҳо дар борааш сухан мегӯянд, ҳамчунин интрига ё муаммои як рӯз пеш аз баргузории иҷлосияи қабати болои парлумон танҳо як чӣ буд: оё то субҳи 17-уми апрел ду нафари дигарро таъин мекунанд, ё не?
Фарзияҳое ҷо доштанд, ки ду нафари таъиннашуда метавонанд Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Озода Раҳмон бошанд. Дар ин сурат, як муаммои дигар пеш меомад: аз байни 3 нафар – Рустами Эмомалӣ, Озода Раҳмон ва Маҳмадсаид Убайдуллоев кӣ шахси дуюми расмии Тоҷикистон интихоб мешавад?
Ин эҳтимол ҳам буд, ки шояд барои 2 ё 3 сол Убайдуллоев боз ҳам раиси Маҷлиси Миллӣ интихоб шуда, пас аз таҷлили 30-солагии Истиқлолият ҳам ӯ ва ҳам Эмомалӣ Раҳмон истеъфо хоҳанд дод, то “насли нави сиёсатмадорон” ба майдон биёянд.
Ҳоло ки ин иттифоқ пеш наомад, дигар маълум буд: шаҳрдори Душанбе ва писари президент – Рустами Эмомалӣ раис хоҳад шуд!
Хотиррасон мешавем, ки Маҷлиси миллӣ дар чорчӯби ислоҳоти Қонуни асосии кишвар соли 1999 таъсис ёфт ва нахустин интихоботаш соли 2000 сурат гирифт. Он ислоҳоти Қонуни асосӣ дар заминаи Созишномаи сулҳ бо мухолифин анҷом ёфт. Гуфта мешуд, ки он вақт тарси шикасти элитаи ҳукмрон дар интихоботҳои парлумонӣ вуҷуд дошт ва онҳо ба пайдоиши палатаи болоии парлумон барои ҳамин розӣ шуданд, ки агар назорати Маҷлиси намояндагон – қабати поёнии парлумон ба дасти мухолифин биафтад, Маҷлиси миллӣ ҳамчун палатаи болоӣ битавонад дар роҳи қудратталабии маҷлиси поёнӣ садҳои қонунӣ эҷод кунад.
Мухолифини сиёсӣ-мазҳабӣ бошанд, онро ҳамчун “ҳилаи шаръӣ” истифода кардан мехостанд. Тавре Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода – яке аз роҳбарони аршади нерӯҳои мухолиф дар солҳои 90, ки аз соли 2005 то 2010 узви Маҷлиси Миллӣ ҳам буд, баъдан дар мусоҳибаҳояш гуфт, назари онҳо чунин буд, ки ба воситаи сенат онҳо Эмомалӣ Раҳмонро мутмаин кардан мехостанд, ки пас аз канор рафтанаш аз президентӣ аз саҳнаи сиёсӣ дур намешавад ва ҳамчун президенти собиқ узви сенат боқӣ монда, бо ин “мақоми дахлнопазирӣ пайдо мекунад ва аз таъқибу ҳар гуна ҳолатҳо худро ҳифз менамояд”.
Он чӣ ки иттифоқ наафтод. На Эмомалӣ Раҳмон аз президентӣ рафт, на нерӯҳои мухолиф шаклгирифта ва таъсиргузор шуданд.
Аммо масъалаи аъзо ва раиси қабати болоии парлумон ду маротиба ба як муаммои сиёсӣ дар Тоҷикистон табдил ёфта буд. Соли 2005, ки ҳарчанд шаҳрдори собиқ Маҳмадсаид Убайдуллоев аъзои Маҷлиси Миллӣ интихоб шуда буд, вале гуфта мешуд, мавзӯи раис боқӣ монданаш то охир ҳал нагардид. Пеш аз ин интихобот Убайдуллоев сафари Маскав дошт ва муддати тӯлонӣ дар он ҷо боқӣ монд. Ҳарчанд мегуфтанд, ки ин сафар ба хотири табобати духтараш сурат гирифтааст, вале ӯ замоне ба Душанбе баргашт, ки Президенти Тоҷикистон ба як мулоқот бо Президенти Русия ба Маскав даъват шуда буд. Дар ҳақиқат дар иҷлосияи аввалини он замон ӯ аз нав раиси Маҷлиси Миллӣ гардид.
Ин мавзӯъ боз ҳам даҳ сол пас аз нав рӯ зад: соли 2015, вақте “ҷангҳои иттилоотӣ”-и шабакаҳои телевизионӣ ба муқобили шаҳрдори пешин оғоз шуданд. Пештар аз ин Президент Раҳмон дар ҷаласаҳое ишора ба ин маъно дошт, ки “бархеҳо бояд аз ду мақом якеро дошта бошанд”. Ҳарчанд номи мушаххас гирифта нашуд, аммо дар маҳфилҳои сиёсӣ медонистанд, ки гап аз куҷост ва мухотаб кист.
Соли 2015, пас аз интихоби навбатиаш ба ҳайси раиси шаҳри Душанбе ва Маҷлиси Миллӣ, Убайдуллоев дар иҷлосияи аввалини шаҳрдорӣ гуфт, ки ӯ ариза барои истеъфо навишта буд, вале президент онро қабул накарда, гуфтааст, ки ҳоло вақти рафтанаш нест. Ба гумони ғолиб ин фурсат соли 2017 – замоне расид, ки Эмомалӣ Раҳмон писари худро шаҳрдори Душанбе таъин намуд.
Ҳоло бошад Рустами Эмомалӣ нафари дуввуми Тоҷикистон – раиси Маҷлиси Миллӣ ҳам ҳаст.
Тибқи моддаи 56-и Қонуни асосии Тоҷикистон салоҳиятҳои ин ниҳод иборатанд аз:
- Таъсис ва барҳам додани воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва тағйири онҳо;
- Интихоб ва бозхонди раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президент;
- Ҳалли масъалаи бекор кардани дахлнопазирии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ;
- Ризоият барои таъин ва озод намудани Прокурори генералӣ ва муовинони ӯ;
- Амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.
Муҳимтар аз ин, дар ҳолати корношоям гардидани Президенти Тоҷикистон, ё бемориву фавти ӯ, раиси ин маҷлис то интихоботи ғайринавбатии президентӣ роҳбарии давлатро ба зимма мегирад.
Зимнан, дар Тоҷикистон аз ибтидои пайдоиши қабати болоии парлумон назарҳо дар бораи зарур набудани он идома дорад. Ҳуқуқдонҳо мегуфтанд, ки сенат маъмулан хоси кишварҳои дорои низоми федералист, аммо Тоҷикистон давлати воҳид (унитарӣ) аст ва ҳифзи Маҷлиси миллӣ зарурат надорад. Хусусан дар ҳоле, ки нигаронии доираҳои ҳоким аз эҳтимоли пирӯзии аҳзоби мухолиф дар интихоботҳо беасос баромад.
Бовуҷуд, на танҳо мухолифини ҳукумат, балки идеологҳои он ҳам як замон зидди мавҷудияти Маҷлиси Миллӣ суҳбат мекарданд. Аз ҷумла, раҳматии Сӯҳроб Шарипов, ки роҳбарии Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистонро ба уҳда дошт, боре дар ин бора изҳори назар кард. Ин гуна масъалагузориро як навъ “фишори равонӣ” дар муҳити сиёсии он замон ҳам мегуфтанд. Дуруст аст, ки дертар фикрашро иваз намуд ва баъдан дар мусоҳибаи дигараш гуфт:
- Дар гузашта ман мухолифи таъсиси Маҷлиси Миллӣ будам. Вале ҳоло бар ин назарам, ки дар шароити феълӣ вуҷуди ин ниҳод зарурист. Шояд дар солҳои оянда зарурати воқеъии лағви ин ниҳод ба миён ояд. Аммо ҳоло на.
Ӯ гуфт, таҷдиди сохтори порлумон дар ду маврид зарурист – яке, агар фаъолияти парлумон номуваффақ бошад ва дигар, агар дар роҳи фаъолияти он монеае пеш ояд. Аммо, ба гуфтаи Сӯҳроб Шарипов, дар Тоҷикистон ин ду омил ҳоло мушоҳида намешавад.
Дар ҳамин ҳол, ҷаноби Тӯраҷонзода, ки мегуфт дар ибтидо худи ҳукумат барои ташкили Маҷлиси Миллӣ мухолифат мекард, акнун зарурати вуҷуди онро бештар барои худ эҳсос кардааст. Бовуҷуде ӯ мегуфт, ки шеваи кор дар ин қабати парлумон ба дарди касе намехӯрад:
- Ман як давра узви Маҷлиси Миллӣ аз руйхати раисҷумҳур будам. Бинобар ин, ахлоқи ман намегузошт, ки ҳамчун намояндаи раисҷумҳур ба баъзе қонунҳо мухолиф овоз диҳам. Агарчанде ба сифати талаботи баъзе қонунҳо, аз он ҷумла «Озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ» норозигии хешро баён доштам. Дигар, он чи ки ҳукумат пешниҳод мекард ва азбаски мо ҳам «таъин» шуда будем, бо риояи ин мо ҳам қабул мекардем. Дуввум, Маҷлиси Миллӣ мисли Сенати Амрико ҳаққи ворид кардани тағийрот ба қонунҳоро надорад. Тибқи қонунҳои имрӯза он қонунро яклухт қабул мекунад ё яклухт мегардонад. Масалан, дар як боб ва ё банди қонун ҳуқуқи тағийрот ворид карданро надорад. Яклухт мегардонад ва пешниҳод мекунад, ки дар ин боб ва ё банд тағийрот дароварда шавад. Аммо дар ҳамин панҷ сол мо надидем, ки чунин кор шуда бошад, чизе ки меомад, қабул мешуд.
Дафтари матбуотии Маҷлиси Миллӣ мегӯяд, дар 20 соли фаъолият ин қабати парлумон ҳудуди 30 қонунро ҷонибдорӣ накардаву бозпас гардонидааст. Аз ҷумла, дар ҷаласаи аввалини Маҷлиси Миллӣ, ки баъди барканории Убайдуллоев аз мақоми шаҳрдорӣ дар моҳи феврали соли 2017 сурат гирифт, онҳо қонуни нав дар бораи мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон, ки аз ҷумла дар ҳолатҳои истисноӣ вуруди бе иҷозаи маъмурони амниятӣ ба хонаи сокинонро иҷоза медод, қабул накарданд.
Бар илова, Убайдуллоев гоҳ-гоҳ ба худ иҷоза медод, ки аз мақомоти Тоҷикистон дар ҷаласаҳои парлумон интиқод намояд. Дар ҷаласаи ахир ҳам, ки бо раисии Убайдуллоев гузашт, ҳарчанд аз фаъолияти худу ҳамкасбонаш таъриф кард, бовуҷуд таъкид намуд, ки “ҳоло ба он муяссар нагардидем, ки ҳар як шаҳрванди кишвар дар симои қонун муҳофизи худро бинад. Тарзе кунем, ки шаҳрвандон нисбат ба қонун эҳтироми қавӣ дошта бошанд ва дар амал бовар ҳосил кунанд, ки қонун баъд аз Худо муҳофизатгари ҳуқуқу озодиҳои инсон аст”.
Бештар аз ин, ӯ пешниҳод кард, ки бо назардошти таҷрибаи бисёре аз кишварҳои дунё палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ доимоамалкунанда бошад.
- Ба фикрам, замоне фаро расидааст, ки ба қонун “Дар бораи Маҷлиси миллӣ” тағйирот ворид карда шавад, ки мувофиқи он раиси Маҷлиси миллӣ ва муовинони ӯ, раисони кумитаҳо аз ҳамаи кору мансабҳои давлатӣ озод ва фаъолияташон доимиву пардохтшаванда гардад, - гуфт ӯ.
Ин гуфтаи раиси акнун пешини Маҷлиси Миллиро гуногун шарҳ додан мумкин. Вале ҳоло саволи асосӣ ҳамин аст, ки шояд бо ҳамин усули фаъоли худ қабати болоии Тоҷикистон зарурат надорад? Хоса бо ин ки акнун “хавфҳо” аз байн рафтанд ва нафари дуввуми кишвар ҳам “одами худист”.
Ё шояд мисли Қазоқистон, акнун дар Тоҷикистон ҳам, пас аз 30-солагии Истиқлолият як интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ пеш ояду ба ин курсӣ як “одами бегона” нишинад? Мисли Қосимҷомарт Тоқаев, ки тақрибан нақши муҳиме надорад...
Ин нафар кӣ метавонад бошад?
Ин матлаб аз торнигори “Рӯзи нав” бо Раҷаб Мирзо бознашр шудааст ва дидгоҳи шахсии муаллиф аст.
Таваққуфгоҳҳои холиву роҳҳои пур аз мошин. Чаро сокинон мошини худро дар таваққуфгоҳи зери биноҳо намегузоранд?
“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста