Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Сайфиддин Давлатзода дар робита ба тасмими вазорати маорифи Ӯзбекистон, ки донишҷӯёнашро аз Тоҷикистон бозхонд, ибрози андеша кард.
“Бигзор Донишгоҳи давлатии Бохтар минтақавӣ бошад, вале Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ донишгоҳи марказии шаҳри Душанбе аст ва дар сатҳи омӯзгор тайёр кардан аввалин аст. Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат ҳам дар ҳамон руйхат ҳаст. Агар сифати таҳсилот дар ин донишгоҳҳо паст мешуд, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аккредитатсияи байнулминалӣ мегирифт?”- изҳор дошт Сайфиддин Давлатзода.
Вай афзуд: “Дар ҳамон шабу рӯз Агентии аккредитатсионии озоди Остона дар шаҳри Душанбе буд. Ман барои аз аккредитатсия гузаронидани 3 ихтисос вохӯрӣ доштам. Директор гуфт, ки “намедонам, чӣ хел мешуда бошад”. Сиёсати давлату давлатдории мо он нест, ки мо пурра кадрҳоро дар мактабҳои олии худамон тайёр кунем. Ҳар сол зиёда аз 1000 нафар ба мактабҳои олии хориҷи кишвар мераванду таҳсил мекунанд. Гашта меоянду мо кадри тайёр мегирем. Назару ҷаҳонбиние, ки онҳо доранд, фарқ мекунад. Он ҷо таҳҷизоту муҳит ва коллектив дигар аст”.
“Фикр мекунам, ки ин масъалаи дохилии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон набуда, вазоратҳои дахлдори ҷумҳуриҳои ҳамсоя ҳастанд. Омодасозии кадрҳо сиёсати дохилии ин давлатҳост. Хоҳанд, дару девори мо кушода аст, талаботи мо ҳамин аст. Мо чун донишҷӯйи худамон эҳтиром мекунем. Онҳо имтиёзи кам аз дониҷӯёни мо надоранд. Имрӯз дар донишгоҳи мо 240 нафар донишҷуёни хориҷӣ таҳсил мекунанд. Аз ин теъдод 8 нафар хатм карданд. Кадоме аз онҳо барои хобгоҳ муроҷиат кардааст, таъмин кардем. Мо хизматрасонии дигари аудиторӣ барои онҳо ҷудо накардем. Ҳамаи он ҳуқуқе, ки донишҷӯйи тоҷик дорад, донишҷӯёни хориҷи кишвар низ аз он бархурдоранд. Мо онҳоро ҷудо накардаем”, - таъкид сохт ректор.
Дар ҷамъбасти суханронияш Сайфиддин Давлатзода гуфт: “Ин масъала баҳсҳои соҳавиро талаб мекунад. Ба гуфтани касе нуфузи Донишгоҳи давлатии Бохтар ё Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Садриддин Айни ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон коста нашудааст”.
Ёдовар мешавем, вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода низ рӯзи 17-уми июл дар нишасти хабарӣ ҳисоботи Нозироти давлатии санҷиши сифати таълими назди ҳукумати Ӯзбекистонро, ки дар он 8 мактаби олии Тоҷикистон ба рӯйхати муассисаҳои таълимии номақбул барои донишҷӯёни ӯзбекистонӣ дохил карда шудаанд, ғайривоқеӣ номид.
“Ин рақобати носолим аст”, - изҳор дошт вазири маориф ва илми Тоҷикистон.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста