Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Кумитаи миллии
Олимпии ҶТ рӯзноманигорон - аъзои Ассотсиатсияи рӯзноманигорони риштаи варзиши Тоҷикистон (АРРВТ) бо президенти кумита Баҳрулло Раҷабалиев мулоқот доир намуданд.
Мулоқот дар чаҳорчӯбаи курси панҷуми бозомӯзии рӯзноманигорони АРРВТ барпо шуда, ба мавзӯи омодагии дастаи мунтахаби олимпии кишвар ба Бозиҳои Олипиадаи
XXIX
-ум бахшида шуда буд. Дастаи мунтахаби Олимпии кишвар дар таърихи 31-уми декабр ба шаҳри Пекин меравад.
Ба гуфтаи Б.Раҷабалиев, дастаи мунтахаб аз 30 варзишгар иборат аст. Ҳамчунин ҳамроҳи даста ду нафар рӯзноманигор - раиси АРРВТ Назрулло Латипов ва шореҳи варзиши телевизиони «Шабакаи якум» Раҳматшо Обидов низ ба Пекин сафар мекунанд.
Дар вохӯрӣ масъалаи то ҳанӯз аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон муайян накардани мукофотпулӣ барои варзишгароне, ки мақоми шоистаро ишғол мекунанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Н.Латипов қайд кард, ки ба ассотсиатсия соҳибкор Абӯбакри Азизхоҷа муроҷиат карда, изҳор доштааст, ки барои варзишгаронеи тоҷике, ки соҳиби ҷоизаи тиллои бозиҳо мегарданд, аз ҳисоби худаш 10 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ ҷудо мекунад.
«Албатта, ин иқдоми шоистаи таҳсин аст, ҳангоме шахсони ҷудогона ба рушди варзиш дар кишвар мусоидат менамоянд, - идома дод ӯ. -
Қобили зикр аст, ки ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои варзишгаронашон мукофотпулӣ таъин карданд, аз ҷумла, президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба варзишгароне, ки соҳиби медали тилло мешаванд, 250 ҳазор доллари марикоӣ ваъда кардааст, вале ҳукумати мо алҳол бобати ин масъала хомӯширо ихтиёр намудааст».
Ёдрас мекунем, ки Бозиҳои Олимпӣ дар Пекин дар таърихи 9-уми август оғоз гардида, то 24-уми август идома меёбанд. Интизор меравад, ки дар маросими ифтитоҳи мусобиқот президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок хоҳад кард. Дар рӯзи нахустини оғози бозиҳо боксчии тоҷик Ҷаҳон Қурбонов ва камонвар Албина Камолиддинова ба мусобиқа шурӯъ мекунанд.
Бад-ин тартиб, то имрӯз 14 варзишгари Тоҷикистон дар 7 навъи варзиш дар Олимпиадаи Пекин шарафи кишварро ҳимоят хоҳанд кард. Ин варзишгарон Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Галина Митяева (варзиши сабук, гурзандозӣ), Расул Боқиев (дзюдо, то



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста