Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон парчами Тоҷикистонро дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпии Пекин ба гурзандоз Дилшод Назаров боварӣ намуд.
Президент гурӯҳи варзишгарони тоҷикро, ки баъди ду рӯз баҳри иштирок дар Бозиҳои 29-уми Олимпӣ ба шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар мекунанд, ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат иштирок дар
Бозиҳои 29-уми Олимпиро шарафи бузург ва дар айни замон масъулияти бузург низ маънидод карда, онҳоро ба нишон додани маҳорату матонати баланд баҳри ба даст овардани нишондодҳои пуршараф ба манфиати давлату миллати худ ҳидоят намуд ва изҳори боварӣ кард, ки варзишгарони тоҷик бо иродаи қавии худ шарафи Тоҷикистонро дар ин мусобиқаҳои бонуфузтарини олам ҳимоя намуда, Парчами Ватани азизи худро дар фазои шаҳри Пекин партавафшон мекунанд.
Хотиррасон мекунем, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои 29-уми Олимпии шаҳри Пекин 14 нафар беҳтарин варзишгарони тоҷик дар риштаҳои бокс, гуштини дзюдо, гӯштини тарзи озод, камонварӣ, шиноварӣ, вазнбардорӣ ва варзиши сабук намояндагӣ мекунанд.
Ба андешаи худи варзишгарони мунтахаби тоҷик таваҷҷӯҳи доимӣ ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти давлату ҳукумат ба соҳаи варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва хусусан вохӯрии имрӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъулият ва ифтихору сарфарозии онҳоро дучанд намуда, барояшон рӯҳу илҳоми тоза мебахшад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти срвари давлат хабар доданд.
Дар ҳамин ҳол, дар ин мулоқот низ масъалаи мукофотпулии варзишгарон аз ҷониби ҳукумати кишвар ҳал нагардид. Кумитаи Миллии Олимпии Тоҷикистон барои варзищгарон чунин мукофотпулӣ муайян кард: барои медали тилло - 10, медали нуқра - 5 ва медали биринҷӣ 3 ҳазор доллари амрикоӣ. Ҳамчунин аз ҷониби соҳибкорон хусусӣ низ автамашинаҳои навъи «
TOYOTA
» ва $10 ҳазор мукофотпулӣ ваъда карда шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста