Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз,дар таърихи 08.08.08, соати 8-у 8 дақиқаи бегоҳ (17-у 08 дақиқаи вақти маҳаллӣ) дар Пекин маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпии соли 2008 доир мегардад. Дар он сарони кишварҳои беш аз 130 кишвари дунё, аз ҷумла президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок хоҳанд кард.
Қобили зикр аст, ки ҳайати ҷумҳурии мо таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Маликшо Неъматов дар Пекин қарор дорад.
Дар Олимпиадаи Пекин 15 варзишгари Тоҷикистон дар 8 навъи варзиш шарафи кишварро ҳимоят хоҳанд кард. Ин варзишгарон Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Галина Митяева (варзиши сабук, гурзандозӣ), Расул Боқиев (дзюдо, то
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон парчами Тоҷикистонро дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпии Пекин ба гурзандоз Дилшод Назаров боварӣ намуд.
Пагоҳ боксчии тоҷик Ҷаҳон Қурбонов ва камонвар Албина Камолиддинова ба мусобиқа шурӯъ мекунанд. Бозиҳои Олимпӣ то 24-уми август идома хоҳанд ёфт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста