Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс»- «
BBC
Persian
.
com
» - Дирӯз дар бозии ниҳойӣ дар чаҳорчӯби Ҷоми даъвати Конфедератсиюни футболи Осиё тими мунтахаби футболи Тоҷикистон бо ҳисоби 1 бар 4 аз тими мунтахаби Ҳинд шикаст хӯрд. Ин рақобатро Валентин Коваленко аз Ӯзбакистон доварӣ кард.
Қисми аввали бозӣ ба ҳисоби 3 бар 1 ба нафъи тими мунтахаби Ҳинд анҷом ёфт. Тӯбҳоро Сунил Чхетри (дақиқаҳои 9 ва 23) ва Бхутиа Байчунг (дақиқаи 19) ва аз тими мунтахаби Тоҷикистон дар дақиқаи 44 Фатҳулло Фатҳуллоев заданд.
Дар дақиқаи ҳафтоду панҷуми қисмати дуввуми бозӣ Сунил Чхетри тӯби чаҳорумро вориди дарвозаи Алишер Тӯйчиев сохта ва бо задани се гол дар ин бозӣ хеттрик-hattrick кард.
Дар рақобат барои касби зинаи сеюм дар бозиҳои Ҷоми Даъвати Осиё тими мунтахаби Куреи Шимолӣ бо ҳисоби 4 бар сифр тими мунтахаби Бирмаро шикаст дод.
Тоҷикистон дар сурати пирузӣ аз ҳоло метавонист ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 роҳхат бигирад.
Пирӯзӣ бар Ҳинд дар бозии дирӯз танҳо шонси Тоҷикистон барои роҳ ёфтан ба бозиҳои навбатии Ҷоми Осиё буд, зеро тими мунтахаби ин кишвар бар асоси натоиҷи бозиҳои муқаддамотӣ дар гурӯҳи худ, аз ҳақи идомаи рақобатҳо маҳрум шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста