Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон маросими ба ҷоизадорони Олимпиадаи Пекин-2008 супурдани мукофотҳо аз ҷониби кумитаи мазкур ва ширкати «Вавилон-М» доир мегардад.
Корманди шӯъбаи таҳлил ва иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки Кумитаи Милли Олимпии ҷумҳурӣ ҷоизадори нуқраи мусобиқоти гӯштини тарзи озод Юсуф Абдусаломовро бо мукофоти пулии 5 ҳазор ва соҳиби медали биринҷии мусобиқоти дзюдо Расул Боқиевро бо 3 ҳазор доллари амрикоӣ қадрдонӣ хоҳад кард.
Бино ба иттилои манбаъ, худи ҳамин рӯз ширкати «Вавилон-М» мукофоти пулии ваъдагиро ба ҷоизадорони олимпиада, ки барои касби мақоми дуввум 20 ҳазор ва саввум 10 ҳазор доллари амрикоӣ муқаррар гардида буд, ба соҳибонашон хоҳад супурд.
Ёдрас мекунем, ки дар Бозиҳои Олимпиадаи Пекин -2008 15 варзишгари Тоҷикистон дар 8 навъи варзиш шарафи кишварро ҳимоят карданд. Инҳо - варзишгарон Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Галина Митяева (варзиши сабук, гурзандозӣ), Расул Боқиев (дзюдо, то
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста