Душанбе. 12-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Муштзани тоҷик, иштирокчии Бозиҳои Олимпии Пекин 2008 - Ҷаҳон Қурбонов дар Ҷоми Ҷаҳон оид ба бокс, ки имрӯзҳо дар шаҳри Маскав ҷараён дорад, дар даври навбатии сабқат бар рақиби худ аз Литва - Николай Гришунинс бо натиҷаи 9 бар 5 ғолиб гашта, ба даври нимфиналии мусобиқот роҳхат гирифт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мамлакат хабар доданд, пагоҳ дар сабқати нимниҳоӣ дар вазни то 81 килограм Ҷаҳон Қурбонов бо муштзани ӯзбек Аббос Атоев зӯрозмоӣ мекунад.
Ба гуфтаи манбаъ, 3 муштзани дигари тоҷик, Анвар Юнусов, Муродҷон Расулов, Мадад Нағзибеков дар вохӯриҳои чорякфиналӣ аз рақибони худ шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи ширкат дар мусобиқа маҳрум гардиданд.



Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ишқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
“РИА Новости”: Танҳо 4 зодаи Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд
“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста