Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Ба ду лижарони тоҷик – Алишер Қудратов ва Андрей Дригин идрорпулии Кумитаи байнулмилалии олимпии «Ванкувер-2010» таъин гардид. Чанде қабл дар бинои Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон маросими расмии имзои созишнома миёни КМО ҶТ ва Кумитаи банулмилалии олимпӣ баргузор шуд.
Чӣ тавре ки ноиби президенти КМО Ширинҷон Маҳмадсафоев дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ҳар моҳ ба ҳар яке аз лижаронон 1,5 ҳазор $ идрорпулӣ ҷудо мегардад, ки 300 доллари он ба варзишгар дода шуда, боқимонда ҷиҳати омодагии ӯ ба мусобиқот масраф хоҳад шуд. «Ин барои аввалин бор аст, ки ба варзишгарони тоҷик чунин идрорпулӣ ҷудо мегардад», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи номбурда, маблағи мазкур ҷиҳати омодагии варзишгарон барои иштирок дар Бозиҳои Олимпиадаи зимистонаи соли 2010, ки дар шаҳри Ванкувери Канада доир мегардад, пешбинӣ шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста