Душанбе. 13 апрел. «Азия-Плюс» - | Чемпионати бистуми бозиҳои футбол миёни Лигаи олии ҷумҳурӣ имрӯз ифтитоҳ мешавад.
Тавре намояндаи Федератсияи футболи Тоҷикистон Раҳмон Муртазоев ба «АП» хабар дод, дар мусобиқа 11 даста, аз ҷумла ғолибони соли гузаштаи кишвар: тими «Истиқлол» (Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Вахш» (Қӯрғонтеппа), «Хайр» (Ваҳдат), «Хуҷанд» (Хуҷанд), ССКА «Помир» (Душанбе), «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров), «Шодмон» (Ҳисор), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва ду дастаи Душанбе «Энергетик» ва «Гвардия» ҳунарнамоӣ мекунанд. Мусобиқа дар чор давр баргузор мегардад ва то рӯзи 15 ноябр идома хоҳад ёфт. Имрӯз даври аввали мусобиқа бо бозӣ миёни дастаҳои «Равшан» ва «Вахш» дар майдони варзишии шаҳри Кӯлоб, «Шодмон» ва «Регар -ТадАЗ» дар майдони «Автомобилист»-и пойтахт оғоз мешавад.
Инчунин дар майдони марказии шаҳри Душанбе дастаи «Истиқлол» ва «Энергетика» қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Фардо, рӯзи 14 апрел, дар майдони варзишии шаҳри Ваҳдат бозӣ миёни тими «Хайр» ва «Хӯҷанд», ва ССКА «Помир»-у «Парвоз» баргузор хоҳад гашт.
Тамоми бозиҳо соати 16 оғоз мешаванд. Даври дуввуми чемпионати Лигаи олӣ 16 апрел ифтитоҳ хоҳад шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста