Душанбе. 6-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Бухарест (Руминия) дзюдочии тоҷик Расул Боқиев дар мусобиқоти Ҷоми чаҳон дар вазни 73 кило соҳиби медали тило шуд.
Дар қувваозмоии нахуст дзюдочии тоҷик бар мизбони мусобиқот дзюдочии руминиягӣ Стефан Бичисан дастболо шуда, дар набарди дуввум аз рӯйи имтиёз намояндаи Фаронса Ҷонатан Алландоро мағлуб сохт. Дар даври нимниҳоӣ Расул Боқиев бар варзишгари Англия Данел Уилямс ва дар қуввозмоии ниҳоӣ бар дзюдочии Исроил Иосеф Палелашвили пирӯзӣ ба даст овард.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ Ширинҷон Мамадсафоев хабар дод, пас аз ҷароҳат бардоштан дар мусобиқоти «Гренд Слем» дар Париж, ин мусобиқоти нахустини Расул Боқиев ва дастоварди муҳими ӯст. «Аз ин пирӯзӣ Расул Боқиев соҳиби 100 имтиёзӣ рейтингӣ шуда, ба сафи 20 дзюдочии беҳтарини ҷаҳон дар вазни худ шомил шуд», - гуфт ӯ.
Ба қавли мавсуф, «барои соҳиб шудан ба имтиёзоти бештари рейтингӣ Раусл Боқиев боз дар 15 мусобиқоти байнулмилалӣ, аз ҷумла 9-уми июн дар яке аз давраҳои мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон дар шаҳри Таллин ширкат меварзад. «Дар давраҳои мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон ба ҷуз Расул Боқиев, ҳамчунин се нафар варзишгарони дигари тоҷик – Муҳаммад Абдураҳмонов, Парвиз Собиров ва Фарҳод Раҳимов низ иштирок доранд», - иброз дошт вай.
Ш.Мамадсафоев мегӯяд, Расул Боқиев ният дорад, ки моҳи августи соли равон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар шаҳри Париж ширкат варзида, имтиёзоти бештаре ба даст орад. «Ҳамчунин то ахири сол варзишгари тоҷик тасмим гирифтааст, ки ба қатори 8 дзюдочии беҳтарин дар вазни худ шомил гардад, то дар мусобиқоти Бозиҳои олимпӣ дар Лондон соли 2012 аз имтиёзоти бештаре бархӯрдор бошад», - афзуд ноиби президенти КМО-и ҷумҳурӣ.
(дар акс Р. Боқиев бо либоси сафед)




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста